Имрӯз, 9 апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо вазири адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Сарсембаев доир гардид.
Дар мулоқот масоили ҳамкории мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ шуд.
Мақсади асосии баргузории мулоқоти мазкур ин шиносоӣ бо раванди иҷрои истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла системаи иҷрои қарорҳои судӣ, фаъолияти иҷрочиёни бахшҳои хусусӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар ин самт маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон бо таритиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро ва системаи автоматикунонидашудаи судии Қазоқистон аз наздик шинос шуданд.
Дар ин асно, ҷонибҳо вобаста ба масоили мубрами соҳаи истеҳсолоти иҷро, таҷрибаи амалии ҳуқуқӣ ва навоварӣ дар ин соҳа, инчунин баланд бардоштани самаранокии иҷрои қарорҳои судӣ табодули афкор намуданд.
Ҳайати ду ҷониб барои ҳамкориҳои судманд ба ҳамдигар изҳори сипос намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравиро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар натиҷаи мулоқот байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба идомаи муколамаи дуҷониба тавофуқи муҳим ҳосил шуд.
Лозим ба зикр аст, ки ин ҳамкорӣ дар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки моҳи августи соли 2024 доир ба масъалаҳои иҷрои қарорҳои судӣ ва дигар мақомоти дахлдор ба имзо расидааст, роҳандозӣ гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои дуҷониба дар самти такмили низоми истеҳсолоти иҷрои ҳар ду кишвар, ки самаранокӣ ва сифати корро беҳтар мекунад баён доштанд.



