Имрӯз, 10 апрели соли 2025 дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти дуҷонибаи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо роҳбари Палатаи ҷумҳуриявии иҷрочиёни хусусии Қазоқистон Айдос Иманбаев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, аз ҷумла дар самти кӯмакҳои методӣ оид ба дастрас намудани маводи таълимӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандон ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ, масъалаҳои алимент, майдони савдои электронӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар самтҳои истеҳсолоти иҷро мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот аз ҷониби намояндагони Палата доир ба ислоҳоти низоми истеҳсолоти иҷро ва татбиқи низоми рақамии соҳа маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки ислоҳоти низоми истеҳсолоти иҷро асосан ба рақамикунонии соҳа нигаронида шуда, дар ин радиф низоми иттилооти автоматикунонидашудаи мақомоти истеҳсолоти иҷро ташкил карда шудааст. Мақсади низоми мазкур ба ҳал намудани масъалаҳои идоракунӣ, аз ҷумла мусоидат ба иҷрои дуруст ва саривақтии санадҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷро, баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои иҷро, мониторинги кори иҷрочиён, баланд бардоштани шаффофият ва саҳеҳияти маълумот оид ба қарздор ва вазъи молу мулкии ӯ аз ҳисоби ҳамоҳангӣ бо дигар низоми мақомоти давлатӣ равона гардидааст.
Қобили зикр аст, ки идоракунии низоми автоматикунонидашудаи истеҳсолоти иҷро дар Қазокистон дар асоси шартнома аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Палата вогузор гардидааст ва он то инҷониб пеш бурда мешавад. Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои байниидоравиро боз ҳам густариш хоҳанд дод.