10 апрели соли 2025 ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода аз сохтори ҳудудии Палатаи ҷумҳуриявии иҷрочиёни хусусии судӣ дар шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.
Зимни шиносоӣ вобаста ба низоми автоматикунонидашудаи истеҳсолоти иҷро, тартиби кор кардан бо ин низом, ворид намудани қарздор ба феҳристи қарздорон ва маҳдуд намудани баромада рафтан аз ҳудуди кишвар, муваққатан маҳдуд намудани ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ва дигар чораҳои иҷрои маҷбурӣ маълумот дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки институти иҷрочи хусусии судӣ дар Қазоқистон аз соли 2011 кори худро оғоз намуда, таҷрибаи аваллин дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ мебошад.
Низоми мазкур дар баробари низоми давлатӣ фаъолият менамояд. Чунин таҷриба дар Канада, Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ ва дигар давлатҳо амал мекунад.
Гузариши Қазоқистон ба низоми нави иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот барои ҳал намудани муаммоҳои мавҷудбуда нигаронида шудааст.
Айни замон, дар Қазоқистон 272 иҷрочиёни давлатии судӣ ва 2101 иҷрочиёни хусусии судӣ фаъолият менамоянд.
Дар иртибот ба ин, аз тарафи иҷрочиёни хусусии судӣ дар соли 2024 зиёда аз 4,9 млн истеҳсолоти иҷро оғоз карда шуда, нисбати зиёда аз 1,3 млн қарздорон муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтан аз ҳудуди кишвар 1,1 млн ҳабси молу мулк ва зиёда аз 895 ҳазор ҳабси воситаҳои нақлиёт татбиқ гардидааст.