14 апрели соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти кормандони Хадамот дар семоҳаи якуми соли 2025баргузор гардид, ки сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ ва рўзномаи онро баррасӣ намуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 муовини якуми сардори Хадамот Сафарзода А.Қ. гузориш дод.
Ҳамзамон, сардори раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, сардорони раёсатҳои иҷро дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият гузориш доданд.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил, низоми истеҳсолоти иҷро ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Хадамот ба сатҳи нав бароварда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва донишҳои соҳавии кормандон чораҷӯйӣ карда мешавад. Инчунин қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида бо фармоиши сардори Хадамот гурӯҳи корӣ вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро таъсис дода шудааст. Дар иртибот ба ин, оид ба раванди рақамикунонии низоми истесолоти иҷро дар сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеа гузориш дод ва аз ҷониби сардори Хадамот ба масъулини соҳа баҳри бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаштан ба рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро супоришҳои мушаххас дода шуд.