23 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба байни сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Россия Дмитрий Аристов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқукӣ, мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ташкили бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, тақвияти мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро зоҳир карда шуд.
Дар доираи ин вохӯрӣ, бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки 21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Россия барои солҳои 2025–2026 ба имзо расонида шуд.
Имзои Барномаи мазкур ифодаи иродаи қавии ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои корӣ, густариши доираи ҳамкориҳо ва муттаҳид сохтани талошҳо баҳри ташаккули низоми муосири иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.