29 апрели соли 2025 ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли равон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Хадамот, муовинони сардор, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мақомоти ҳудудии Хадамот, инчунин иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Сардори Хадамот муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ҷаласаро ифтитоҳ ва рўзномаи онро баррасӣ намуд.
Доир ба натиҷаи санҷиш ва таҳлили фаъолияти Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2025 сардори раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро Амонзода А.С. гузориш дод.
Аз натиҷаи санҷиш сардори раёсати иҷро дар вилояти Хатлон, иҷрочиёни калони шаҳру ноҳияҳои вилоят, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон ҳисобот манзур сохтанд.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандон ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро, дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил, низоми истеҳсолоти иҷро ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Хадамот ба сатҳи нав бароварда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва донишҳои соҳавии кормандон чораҷӯйӣ карда мешавад.
Инчунин қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида бо фармоиши сардори Хадамот гурӯҳи корӣ вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро таъсис дода шуда, аз ҷониби сардори Хадамот ба масъулини соҳа баҳри бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаштан ба рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро супоришҳои мушаххас дода шуд.