Дастгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
1. Ёвари сардори Хадамот, маоши мансабӣ – 2434,85 сомонӣ;
2. Муовини сардори раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, маоши мансаби 3626,15 сомонӣ;
3. Сардори шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 2967,80 сомонӣ;
4. Сармутахассиси шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 2204 сомонӣ;
5. Мутахассиси шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, маоши мансаби – 1484,80 сомонӣ;
6. Мутахассиси пешбари раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
8. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеа, маоши мансаби 1484,80 сомонӣ;
9. Мутахассиси шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
10. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе, маоши мансаби 1995,20 сомонӣ;
11. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе, маоши мансаби 1635,60 сомонӣ;
12. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ (2 воҳид);
13. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ;
14. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ;
15. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Лахш, маоши мансаби – 1809,60 сомонӣ;
16. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шаҳринав, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
Раёсати иҷро дар ВМКБ
17. Сардори раёсат, маоши мансаби 4002,35 сомонӣ;
18. Сармутахассиси раёсат, маоши мансаби 1995,20 сомонӣ;
19. Мутахассиси пешбари раёсат, маоши мансабӣ – 1599,20 сомонӣ;
20. Мутахассис, маоши мансабӣ – 1391,40 сомонӣ;
21. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, маоши мансабӣ – 1947,20 сомонӣ;
22. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ, маоши мансабӣ – 1947,20 сомонӣ;
23. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, маоши мансабӣ – 1602 сомонӣ;
24. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии ВМКБ, маоши мансабӣ – 1602 сомонӣ;
25. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ, маоши мансабӣ – 1602 сомонӣ;
26. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Дарвоз, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ;
27. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мурғоб, маоши мансабӣ – 2375,60 сомонӣ;
28. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рушон, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ;
29. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Роштқалъа, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ.
30. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шуғнон, маоши мансаби - 1532,40
Раёсати иҷро дар вилояти Суғд
31. Муовини сардори раёсат, маоши мансаби – 3281,30 сомонӣ;
32. Мудири бахши молия ва иқтисод, маоши мансаби – 2204,95 сомонӣ;
33. Мутахассиси раёсат, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ;
34. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд, маоши мансаби – 1554,40 сомонӣ (2 воҳид);
35. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, маоши мансаби – 1554,40 сомонӣ;
36. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
37. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
38. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Конибодом, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
39. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Истаравшан, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
40. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ (3 воҳид);
Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон
41. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
42. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ
(3 воҳид);
43. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
44. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
45. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Муъминобод, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
46. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фархор, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ;
47. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Носири Хисрав, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол (дастнавис ва чопӣ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
- расми 4х6 – 2 дона, 9х12 – 1 дона;
- нусхаи диплом бо замимааш;
- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ аз мақомоти андоз;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- рақами ягонаи суғуртавӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- хислатнома;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи фаъолияти корӣ (объективка)
- ҷузвдон (скорошиватель);
- лифофа.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сардори раёсат
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сардори
шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, технологияи иттилоотӣ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби ёвари сардори Хадамоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассиси
шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, технологияи иттилоотӣ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби иҷрочии калони мақомоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассиси раёсати иҷро дар ВМКБ
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошад.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби иҷрочии мақомоти иҷро
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари
бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир(компютер).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, гуманитарӣ ва ё таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул, дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи И.Сомонӣ 8 (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 3-юм) дар давоми 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун қабул карда мешавад.
Телефон барои тамос: 2-28-98-29; 2-28-98-36.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
НОМГЎЙИ
САВОЛУ ҶАВОБҲО БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҶИҲАТИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТӢ ДАВЛАТӢ ДАР ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИФОДА ЗИМНИ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОН
Саволҳо дар доираи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул шудааст ва аз чанд бобу чанд модда иборат аст?
Ҷавоб: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва аз 10 бобу 100 модда иборат мебошад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият 3 маротиба таѓйиру илова ворид карда шудааст. Солҳои 1999, 2003 ва 2016
2. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
Ҷавоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
3. Дар бораи забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуфта шудааст? (Ҷавоб: моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
4. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
5. Кадом ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд? (Ҷавоб: моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
6. Аз номи халқи Тоҷикистон кӣ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад? (Ҷавоб: моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
7. Таҷзияи шохаҳои ҳокимияти давлатиро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
8. Низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.
9. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чӣ ташкил медиҳад? (Ҷавоб: моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.
10. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ гуна ҳифз мешаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
11. Баробарии мардон ва занон дар куҷо муқаррар шудааст?
Ҷавоб: Баробарии мардон ва занон дар моддаи 17-и Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
12. Эҳтимолияти бегуноҳиро шарҳ диҳед ? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
13. Дар бораи дахлнопазирии манзил дар Конститутсия чӣ гуфта шудааст? (Ҷавоб: моддаи 22 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
14. Иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ шарҳ диҳед? (Ҷавоб: қисмҳои 1 - 3 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
15. Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надоранд? (Ҷавоб: қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.
16. Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед? (Ҷавоб: моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
17. Тартиби интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон? (Ҷавоб: моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
18. Кӣ вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва ё таъин шуда метавонад? (Ҷавоб: қисмҳои 1 ва 5 моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
19. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд? (Ҷавоб: моддаи қисми 1 моддаи 50 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.
20. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд? (Ҷавоб: моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд.
21. Кадом қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман қабул карда мешаванд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.
22. Санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.
23. Вазифаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Шӯрои амният;
- Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
- Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон;
- Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд».
24. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
25. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.
26. Дар ВМКБ кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро дорад? (Ҷавоб: моддаи 82 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
27. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ чӣ гуна амалӣ карда мешавад? (Ҷавоб: қисмҳои 1 ва 2 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
28. Муҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст? (Ҷавоб: қисми 4 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.
29. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї гардидааст?
Ҷавоб: Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї гардидааст.
Саволҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» кай қабул карда шудааст ва аз чанд бобу модда иборат мебошад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 8 июни соли 2022, №1873 қабул гардида, аз 20 боб ва 146 модда иборат буда, аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор гирифтааст.
31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» кадом муносибатҳоро ба танзим медарорад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муайян намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.
32. Мафҳуми истеҳсолоти иҷроро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: банди 1 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Истеҳсолоти иҷро ин маҷмӯи амалҳои мурофиавӣ ва иҷроии иҷрочии мақомоти иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд.
33. Зери мафҳуми ҳуҷҷати иҷро чиро мефаҳмед? (Ҷавоб: банди 2 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошанд, ки барои аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ва гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ асос мегарданд.
34. Иҷрочии мақомоти иҷро кист? (Ҷавоб: банди 5 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахси мансабдори давлатӣ, ки ваколатҳои бо Қонуни мазкур ба зиммаи ӯ вогузоршударо ҷиҳати таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро амалӣ менамояд.
35. Кормандони мақомоти иҷро киҳоянд? (Ҷавоб: банди 6 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо дар вилоятҳо, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрочиёни мақомоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин дар судҳои гарнизони ҳарбӣ.
36. Мафҳуми амалҳои иҷроро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: банди 7 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Амалҳо оид ба гузаронидани чораҳои маҷбурии иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд.
37. Мафҳуми пардохти иҷроро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: банди 8 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Маблағи пулие, ки ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро бо тартиби ҳатмӣ аз қарздор ситонида мешавад.
38. Махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро чӣ гуна низом аст? (Ҷавоб: банди 9 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Низоми иттилоотие, ки барои амалӣ намудани шакли электронии баҳисобгирии истеҳсолоти иҷро, амалҳои маҷбурии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин ба тарафҳо ва шахсони дигари дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти истеҳсолоти иҷро пешбинӣ шудааст.
39. Майдони ягонаи савдои электронӣ гуфта чиро мефаҳмед? (Ҷавоб: банди 11 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Низоми иттилоотӣ, маҷмӯи иттилооти махзани маълумот, техникӣ, барномавӣ ва телекоммуникатсионие, ки имконияти ворид, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти барои гузаронидани музоядаи электронӣ заруриро таъмин намуда, нуқтаи ягонаи дастрасии умумии иттилоотро ба иштирокчиёни музоядаи электронӣ пешниҳод менамояд.
40. Нигоҳдоранда кист? (Ҷавоб: банди 12 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахсе, ки ба ӯ иҷрочии мақомоти иҷро молу мулки ба рӯйхат гирифта ё ҳабсшударо барои нигоҳ доштан супоридааст ва барои истифода, исроф, бегона ё пинҳон намудани ин молу мулк масъулият дорад.
41. Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон гуфта, чиро мефаҳмед? (Ҷавоб: банди 13 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Махзани электронии маълумоти мураттабгашта, ки дорои маълумот дар бораи қарздорон аз рӯйи истеҳсолоти иҷро мебошад.
42. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро аз чӣ иборат аст? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 4 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ин иҷрои дуруст ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисмати даъвои гражданӣ, рӯёнидани маблағи ҷарима, ҷуброни зарар, ҷуброни зарари молу мулкӣ ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор аст.
43. Истеҳсолоти иҷро дар асоси кадом принсипҳо амалӣ карда мешавад? (Ҷавоб: моддаи 5 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
1) қонуният;
2) эҳтиром ба ҳаёт, қадр, номус ва шаъну шарафи шаҳрванд;
3) таъмини шаффофият ва саривақтии гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
4) дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ӯ зарур;
5) мувофиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
6) мустақилияти иҷрочии мақомоти иҷро.
44. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷроро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Ҳуҷҷатҳои иҷро инҳо мебошанд:
1) варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст;
2) созишномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент;
3) навиштаҷоти иҷроия, ки аз ҷониби нотариуси давлатӣ ва шахси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро дода шудааст;
4) фармони судӣ;
5) қароре, ки аз ҷониби мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардидааст;
6) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалнома ва қарори суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст;
7) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) додааст;
8) қарори прокурор ҷиҳати бо тартиби маъмурӣ кӯчонидани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишғол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурӯравӣ доранд;
9) қарорҳои иҷрочии мақомоти иҷро оид ба ситонидани маблағи пардохти иҷро;
10) қарорҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
45. Дар ҳуҷҷати иҷро кадом маълумотҳо ба таври ҳатмӣ бояд дарҷ карда шаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 11 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
1) номи суд ё мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
2) санаи қабули санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
3) номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ ва қарздор-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи онҳо, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
4) насаб, ном ва номи падари ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздоршахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рӯз ва ҷойи таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷойи кори ӯ, агар он маълум бошад;
5) қисми хулосавии санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
6) санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
7) санаи додани ҳуҷҷати иҷро.
46. Дар кадом муҳлат варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст, барои иҷро пешниҳод карда мешавад? (Ҷавоб: банди 1 қисми 1 моддаи 13 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст
барои иҷрои маҷбурӣ дар давоми се сол пешниҳод карда мешавад.
47. Дар кадом ҳолатҳо муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад ва онҳоро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 14 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Дар ҳолатҳои зерин муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:
1) бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро;
2) аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро.
Пас аз канда шудани муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро давомияти вақт аз нав оғоз мегардад. Вақти гузашта то кандашавии муҳлат ба муҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бинобар пурра ё қисман ғайриимкон будани иҷрои он, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз кандашавӣ, аз рӯзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.
48. Маҳалли гузаронидани амалҳои иҷроро нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шарҳ диҳед? (Ҷавоб: қисмҳои 1 ва 2 моддаи 16 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Агар қарздор шахси воқеӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешаванд.
Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешаванд.
49. Амалҳои иҷро дар кадом вақт тибқи талаботи қонунгузорӣ гузаронида мешаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 17 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Амалҳои иҷро дар рӯзҳои корӣ аз соати 6 то 22 гузаронида мешаванд. Вақти аниқи гузаронидани амалҳои иҷро дар давраи рӯзи корӣ аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро муайян карда мешавад. Тарафҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд ҳуқуқ доранд вақти барои онҳо мувофиқро ҷиҳати гузаронидани амалҳои иҷро пешниҳод намоянд.
50. Дар кадом муҳлат амалҳои иҷро гузаронида мешаванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 18 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Амалҳои иҷро, ки бо фурӯши молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд, дар муҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.
51. Иҷрои талаботи кадом ҳуҷҷати иҷро фаврӣ мебошад? (Ҷавоб: қисми 3 моддаи 18 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Ба иҷрои фаврӣ талаботи чунин ҳуҷҷати иҷро мансубанд:
1) оид ба ситонидани маблағҳои давравӣ;
2) дар бораи ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;
3) санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;
4) оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
5) оид ба татбиқи чораҳои таъминотӣ;
6) оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
7) оид ба ворид кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни райъпурсӣ;
8) оид ба парвандаҳои дигар, агар иҷрои фаврии талабот дар қонун ва ё ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ гардида бошад.
52. Тарафҳои истеҳсолоти иҷро киҳо ба ҳисоб мераванд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 20 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ситонанда ва қарздор мебошанд.
53. Ситонанда кист? (Ҷавоб: банди 3 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, кредитори таъминшуда, ки ба фоида ё манфиати онҳо ҳуҷҷати иҷро дода шудааст.
54. Қарздор кист? (Ҷавоб: банди 4 қисми 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлати хориҷӣ, ки уҳдадор аст талаботи муайянкардаи ҳуҷҷати иҷроро иҷро намояд ва ё аз содир намудани амалҳои муайян худдорӣ кунад.
55. Тартиби оғоз намудани истеҳсолоти иҷро чӣ гуна аст? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 39 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст ҳуҷҷати иҷроро дар нусхаи асл аз ситонанда дар асоси аризаи ӯ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро додааст, барои иҷро қабул карда, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабул истеҳсолоти иҷроро оғоз намояд, агар ҳуҷҷати иҷро ба талаботи пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» мутобиқ бошад ва муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба охир нарасида бошад.
56. Дар қарор оид ба оғоз намудани истеҳсолоти иҷро кадом маълумотҳо бояд дарҷ карда шаванд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 39 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
- сана ва ҷойи қабули қарор, насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;
- ба кӣ ва ба кадом мақомот ирсол кардани нусхаи қарор;
- асосҳои қарори қабулшаванда бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро ба роҳбарӣ гирифтааст.
57. Асосҳо барои татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ нисбати қарздор кадомҳоянд? (Ҷавоб: моддаи 43 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Асосҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин мавҷуд будани ҳуҷҷати иҷро мебошанд.
58. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 44 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ инҳо мебошанд:
- нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот ва дигар ҳуқуқҳои бегонашавандаи молу мулкии қарздор;
- муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
59. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 44 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Чораҳои иҷрои маҷбурӣ дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар:
- иҷрои санади судӣ, ки қарздорро ба содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд;
- иҷрои санади судие, ки қарздорро ба худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд;
- иҷрои санади судӣ оид ба кашида гирифтан аз қарздор ва ба ситонанда супоридани ашёи муайян;
- иҷрои санади судӣ оид ба гирифта додани кӯдак;
- иҷрои санади судӣ ё қарори шахси мансабдор оид ба кӯчонидани қарздор;
- иҷрои санади судӣ оид ба маскун намудани ситонанда;
- иҷрои санади судӣ оид ба барқарор намудан ба кор.
60. Муайян намудани вазъи молумулкии қарздор чӣ тавр сурат мегирад? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 45 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Барои муайян намудани вазъи молумулкии қарздор иҷрочии мақомоти иҷро аз мақомоту ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷиҳати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ, молу мулки манқул ва ғайриманқули ба расмият даровардашуда ва ё се соли охир бегонакарда, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкии ӯро дархост карда, маълумот мегирад. Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро ҷиҳати тартиб додани номгӯи молу мулкаш уҳдадор менамояд, агар дар рафти амали иҷро муайян карда нашавад, ки қарздор дорои дигар молу мулк мебошад.
61. Дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед? (Ҷавоб: моддаи 47 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷрои зерин қарор қабул намояд:
1) оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст;
2) оид ба талаботи хусусияти молумулкӣ надошта;
3) дигар талабот, ки маблағи қарздорӣ аз рӯйи ҳуҷҷати иҷро зиёда аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
62. Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон бо кадом мақсад роҳандозӣ гардидааст? (Ҷавоб: моддаи 48 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аз ҷониби мақомоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он пеш роҳандозӣ гардида, пеш бурда мешавад.
63. Дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ба Феҳрист кадом маълумотҳо ворид карда мешаванд? (Ҷавоб: моддаи 48 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Маълумот дар бораи қарздор (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва қарздорон оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти ғайри молу мулкидошта) ба Феҳрист дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд.
64. Асосҳо барои бардоштани маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 50 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, бо хориҷ намудани онҳо аз феҳрист бардошта мешаванд.
Асосҳо барои хориҷ намудан аз феҳрист инҳоянд:
1) иҷрои пурраи талаботи ҳуҷҷати иҷро;
2) ивази ҷаримаи таъингардида ба дигар намуди ҷазо;
3) дар ҳолати қатъ гардидани истеҳсолоти иҷро.
65. Дар кадом мавридҳо иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад истеҳсолоти иҷроро боз дорад? (Ҷавоб: моддаи 123 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боз дорад:
1) ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии мақомоти иҷро;
2) дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо намудани қарздор;
3) ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (неруи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад.
Дар бораи боз доштани истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро супорида ё фиристода мешавад.
66. Дар кадом ҳолат истеҳсолоти иҷро қатъ мегардад? (Ҷавоб: моддаи 126 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
67. Вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро кадом ҳуқуқҳои иҷрочии мақомоти иҷроро медонед? (Ҷавоби пурра дар қисми 1 моддаи 131 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро чунин ҳуқуқҳо дорад:
- маълумоти заруриро аз мақомоти андоз, бонк ва нотариати давлатӣ талаб карда мегирад;
- дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро нисбат ба пардохти маблағҳои пулии дахлдор месанҷад;
- бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ба бинои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, маҳалли истиқоматии қарздор ё дигар маҳалли ҷойгиршавии ӯ ворид мегардад, инчунин молу мулки ӯро аз назар мегузаронад;
- нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад;
- дар рафти гузаронидани амалҳои иҷро аз системаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, истифода менамояд;
- ҳуқуқҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд ва ғайра.
68. Уҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 131 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Уҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро:
- пешниҳоди мавод вобаста ба тамдид намудани муҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ;
- оғози фаврии истеҳсолоти иҷро ҳангоми қабули ҳуҷҷати иҷро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки онро додааст;
- пешниҳоди маълумот ва (ё) ҳисоботи оморӣ оид ба ҳуҷҷатҳои иҷро тибқи тартиби муқарраргардида ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷро намудани уҳдадориҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
69. Иҷрочии калони мақомоти иҷро ба ғайр аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар баробари иҷрочиёндошта боз чӣ гуна уҳдадорӣ дорад? (Ҷавоб: қисми 3 моддаи 131 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Иҷрочии калони мақомоти иҷро инчунин уҳдадор аст:
1) фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил намояд;
2) ҳуҷҷатҳои иҷроро байни иҷрочиёни мақомоти иҷро тақсим намуда, сарбории онҳоро ба танзим дарорад;
3) суратҳисоби депозитии мақомоти иҷроро пеш барад;
4) ба иҷрочиёни мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро супориш диҳад;
5) фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро вобаста ба қабули шаҳрвандон, баррасии арзу шикоят ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил намояд;
6) вобаста ба рад кардан ё худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намояд;
7) пешбурди китоби истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷроро назорат барад;
8) ҳангоми ошкор намудани камбудӣ ва вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иҷрочиёни мақомоти иҷро дар рафти истеҳсолоти иҷро мақоми болоиро огоҳ намояд;
9) дигар супоришҳоро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал барорад.
70. Қарздорӣ оид ба ҳамаи уҳдадориҳои алиментӣ чӣ тавр рӯёнида мешавад? (Ҷавоб: қисми 2 моддаи 95 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
Қарздорӣ оид ба ҳамаи уҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ба ғайр аз молу мулке, ки тибқи Қонуни мазкур ба он нигаронидани ситониш манъ аст, рӯёнида мешавад.
71. Хадамоти иҷро бо кадом мақсад ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардонад? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 141 ҚҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»)
1) таъмини иҷрои санадҳои судӣ;
2) мубодилаи таҷриба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;
3) мубодилаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳо дар самти қонунгузорӣ ва дар амал татбиқ намудани таҷриба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;
4) ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар самти истеҳсолоти иҷро.
Саволҳо дар доираи кодексҳои ҷиноятӣ ва
ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
72. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор чӣ гуна ҷазо муқаррар карда шудааст? (Ҷавоб: моддаи 527(5) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Мутобиқи моддаи 527(5) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
73. Барои иҷро накардани қарори суд чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст? (Ҷавоб: моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Барои иҷро накардани қарори суд ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то даҳ, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи талаботи моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
74. Ҷазои маъмурӣ барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ чӣ гуна аст? (Ҷавоб: моддаи 530(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Мутобиқи талаботи моддаи 530(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.
75. Оё барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии иҷрочии мақомоти иҷро ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст? (Ҷавоб: моддаи 533 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ)
Бале, барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии пристави судӣ ва иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо мутобиқи талаботи моддаи 533 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то ҳафт ва ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
76 Ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 177 КҶ ҶТ)
Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст, бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
77. Маблағи қарздорӣ дар кадом ҳаҷм ва чанд моҳро бояд ташкил диҳад, ки асос барои ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад? (Ҷавоб: эзоҳи моддаи 178 Кодекси ҷиноятии ҶТ)
Дар моддаҳои 177 ва 178 Кодекси ҷиноятии ҶТ бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рӯйпӯш намудани даромад, тағйири ҷойи истиқомат ё ин ки ҷойи кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт, дар ҳаҷме, ки он дар маҷмуъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.
78. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис ёфтааст?
Ҷавоб: Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, №1043 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
79. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» кӯтоҳ маълумот диҳед?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7 августи соли 2020, №1714 қабул карда шуда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
80. Коррупсия чист? (Ҷавоб: сархати 1 моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»)
Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
81. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда? (Ҷавоб: моддаи 8 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»)
Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
1) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
82. Пешгирии коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он чӣ тавр амалӣ карда мешавад? (Ҷавоб: моддаи 14 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»)
Пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;
2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;
3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;
4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;
5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;
7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;
8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;
9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.
Саволҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
83. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» кўтоҳ маълумот диҳед?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 23 июли соли 2016, №1339 қабул карда шуда, муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳукуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
84. Намудҳои муроҷиатро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Ариза, дархост, таклиф ва шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд, муроҷиат мебошанд.
85. Шаклҳои муроҷиатро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма ва муроҷиати дастҷамъона
86. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба кадом принсипҳо асос меёбад? (Ҷавоб: моддаи 2 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- адолат;
- баробарӣ дар назди қонун;
- инсондӯстӣ;
- ошкорбаёнӣ;
- илмият;
- талаботи ягона ба муроҷиатҳо;
- таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда;
- пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани муроҷиатҳо;
- шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасии муроҷиатҳо.
87. Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чанд рӯз аст? (Ҷавоб: моддаи 18 ҚҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»)
Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми си рӯз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
88. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мухтасар маълумот диҳед ?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 қабул шуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
89. Хизмати давлатӣ чист? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
90. Хизматчии давлатӣ кист? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст
91. Низоми хизмати давлатиро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 5 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
- хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- хизмати давлатии ҳарбӣ.
92. Принсипҳои хизмати давлатӣ кадомҳоянд? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 7 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳомимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
- ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшазандаро ташкил медиҳад;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
- ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
- устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
93. Категорияҳои мансабҳои хизмати давлатиро барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ номбар намоед? (Ҷавоб: қисми 3 моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
- категорияи олӣ;
- категорияи якум;
- категорияи дуюм;
- категорияи сеюм;
- категорияи чорум;
- категорияи панҷум;
- категорияи шашум;
- категорияи ҳафтум.
94. Уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ шарҳ дода шаванд? (Ҷавоб: моддаи 28 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Хизматчии давлатӣ уҳдадор аст:
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад;
- интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
- меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд;
- фармон, фармоиш ва амрҳои роҳбарон, қарор ва дастури мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо дода шудаанд, иҷро намояд;
- сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад;
- ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
- агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо гардад, бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ӯ аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад;
- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;
- сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад.
95. Маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатиро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 30 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад:
- бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд;
- ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода намояд;
- дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд;
- ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд;
- дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад, аз ҷумла ба ҳайати мақомоти идоракуни ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад, дигар воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа дошта бошад ва (ё) аз онҳо истифода барад;
- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд;
- дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.
96. Намудҳои ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатиро номбар кунед? (Ҷавоб: қисми 1 моддаи 32 ҚҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»)
Роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатӣ барои кирдори интизомии содирнамудааш, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд муҷозоти зерини интизомиро татбиқ менамояд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ
- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
- ба мансаби паст гузаронидан;
- аз мансаб озод кардан.
Саволҳо доир ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм
97. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» 23 декабри соли 2021, №1808 қабул гардида, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
98. Мафҳуми терроризмро шарҳ диҳед? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба терроризм»)
Терроризм - мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ҷайриқонунӣ алоқаманд мебошад.
99. Мафҳуми амали террористӣ шарҳ дода шавад? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба терроризм»)
Амали террористӣ - бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурўҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурўҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ҷасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иҷвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд.
100. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» маълумот пешниҳод намоед?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» 2 январи соли 2020, №1655 қабул гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
101. Мафҳуми экстремизм шарҳ дода шавад? (Ҷавоб: моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»)
Экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зўроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.
102. Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шаванд? (Ҷавоб: моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»)
Субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда инҳо мебошанд:
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бонки миллии Тоҷикистон.
103. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 10 ҚҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»)
Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо, қонунҳо;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
Саволҳои дигари умумӣ
104. Муҳлати фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст? (Ҷавоб: моддаи 9 ҚКҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
105. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешавои миллат»-ро шарҳ диҳед?
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешавои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 қабул гардида, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад.
106. Салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед? (Ҷавоб: моддаи 13 ҚКҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар татбиқи сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
- роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангиро таъмин мекунад;
- ба системаи мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳбарӣ мекунад;
- барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
- ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти вай дохил мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дода метавонад, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд.
107. Мафҳуми «ҳукумати электронӣ» шарҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа номбар карда шаванд?
Ҳукумати электронӣ - шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сатҳи нави фаврият ва муносиби аз ҷониби шаҳрвандон ва муассисаҳо дарёфт намудани хизматҳои иҷтимоӣ ва иттилоот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин мекунад, фаҳмида мешавад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
- Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 тасдиқ шудааст;
- Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 тасдиқ шудааст;
- Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №468 тасдиқ шудааст;
- Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451 тасдиқ шудааст;
- Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, №1713 тасдиқ шудааст.
108. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед ?
Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.
109. Ҷиноят чист? (Ҷавоб: моддаи 17 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.
110. Рӯзномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Рӯзномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- Ҷумҳурият;
- Садои Мардум;
- Бонувони Тоҷикистон;
- Народная газета;
- Халқ овози;
- Адабиёт ва санъат;
- Ҷавонони Тоҷикистон;
- Ваҳдат;
- Пайванд;
- Садои шарқ;
- Памир.
111. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ;
- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ;
- саноатикунонии босуръати кишвар.
112. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд ва онҳоро номбар кунед?
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ мавҷуд аст, ки онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат ширкат меварзанд:
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби коммунистии Тоҷикистон;
- Ҳизби аграрии Тоҷикистон;
- Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон;
- Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон;
- Ҳизби демократии Тоҷикистон.
113. Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кадом мақсад ноил шудан равона гардидааст?
Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақсадҳои зерин ташкил медиҳад:
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд;
- содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам кардани (коҳиш додани) хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд;
- баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон;
- ҳавасмандкунии иқтисодии истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ.
114. Дар бораи аҳамияти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кай ва дар куҷо баргузор гардидани он мухтасар маълумот диҳед?
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Қасри Арбоб баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд.
115. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баъди чанд даври гуфтушунидҳо кай ва дар куҷо ба имзо расидааст?
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баъди 9 даври гуфтушунидҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни мухолифин ва Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.
116. Қаҳрамонҳои халқи тоҷикро номбар кунед?
Қаҳрамонҳои халқи тоҷик инҳо мебошанд:
- Исмоили Сомонӣ;
- Деваштич;
- Восеъ;
- Темурмалик;
- Шерак;
- Спитамен;
117. Қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
Қаҳрамонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- Садриддин Айнӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
- Бобоҷон Ғафуров бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
- Мирзо Турсунзода - бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
- Эмомалӣ Раҳмон - бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
- Нусратулло Махсум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии “«Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
- Шириншоҳ Шоҳтемур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.