Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд.
Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки ифодагари манфиатҳои мардум буда, орзуву ормони сокинони кишварро инъикос менамояд ва барои волоияти қонун, пойдории ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ нақши муҳим мебозад,-мегӯяд сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода.
5 ноябри соли 2021 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири бахши робитаҳои хориҷӣ ва тарҷумаи бадеӣ, сиёсатшинос ва ходими ҷамъиятӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохтории он ҳар ҳафта шанбегиҳо ташкил ва баргузор мегарданд, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсӣ дар корҳои ободонии гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ саҳми худро мегузоранд.
1 сентябри соли 2021 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардида, зимни он ба як қатор кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.
25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.
5 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Боиси ифтихори мо кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо бо рутбаи олии махсуси навбатии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардидаед.
Ҳайати кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори Хадамоти иҷро, муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ бинобар сабаби даргузашти МОДАРАШОН изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо ва пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.