Аз санаи 12 то 15 майи соли 2025 гурӯҳи кории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти иҷрочиёни Хадамот, таҳлилу баҳогузорӣ намудани нишондиҳандаҳои кории онҳо, баррасии мушкилоти ҷойдошта, дарёфти роҳҳои ҳал, расонидани ёрии амаливу методӣ, тақвият додани фаъолияти хизматӣ, ҷорӣ намудани рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ” ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолият ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафар гурӯҳи корӣ бо фаъолият ва шароити кории иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Истиқлол, Айнӣ, Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Б. Ғафуров, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Ҷ. Расулов, иҷрочиёни Хадамот дар суди ҳарби гарнизон ва суди иқтисодии вилоят аз наздик шинос шуданд.
Аз ҷониби сардори Хадамот ба иҷрочиён ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта, иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳо, татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Инчунин қайд карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардида, дар ин замина бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти санади болозикр ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби гурӯҳи корӣ чораҳои аввалия андешида шуда, вобаста ба ҳарчи зудтар дар амал ҷорӣ намудани ин низом аз ҷониби масъулон корбарӣ идома дорад.
Ҳамзамон, аз натиҷаи боздид ва таҳлили фаъолият нақшаи чорабиниҳои бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда таҳия гардида, тариқи расонидани ёрии амаливу методӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ қисме аз масъалаҳои ҷойдошта бартараф ва ба масъулин дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро намудани талаботи нақшаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.