ДАВИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ
Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025, кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар чорабинии варзишии умумиҷумҳуриявӣ — "Дави миллӣ", фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳрии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин суханронӣ карда, рушди варзиш дар кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтро махсус таъкид намуданд ва барои иштирокчиён барору комёбиҳо орзу карданд.
Ин чорабинии анъанавӣ, ки ҳамасола бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад, ҳадафи асосии худро дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустии ҷавонон ва таҳкими арзишҳои миллӣ дар миёни аҳолӣ, махсусан насли наврас ва ҷавон, дорад.
Кормандони Хадамот, зери шиори "Ҷавонӣ – сарвати бебаҳо", дар баробари ҳазорҳо шаҳрвандон, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт масофаи муайяншударо давиданд. Онҳо бо чунин иштироки фаъолона пайравии худро аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошта, омодагии худро барои дастгирии ҳама гуна иқдомҳои солими давлатӣ таъкид намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ чунин чорабиниҳои варзиширо яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани рӯҳияи хизматӣ ва солимии кормандон арзёбӣ намуда, дар онҳо иштирок хоҳад кард.
18 майи 2025, ш. Душанбе

