23 майи соли 2025 дастаи футболи хурди Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи хурд, ки миёни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, сазовори ҷои сеюм шуд.
Мусобиқа, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобила миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид, рӯзҳои 12-23 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷараён гирифт. Дар он дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо рӯҳияи баланди варзишӣ ва ҳамбастагӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дастаи Хадамоти иҷро бо иродаи матин, ҳамбастагии дастаҷамъона ва маҳорати хуб тавонист то ба нимфинал роҳ ёбад ва дар бозии ниҳоӣ барои ҷои сеюм, бо натиҷаи қаноатбахш пирӯзӣ ба дасти раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе оварда, медали биринҷиро соҳиб шавад.
Роҳбарияти Хадамоти иҷро пирӯзии дастаи худро ҳамчун дастоварди арзишманд дар роҳи таҳкими арзишҳои варзишӣ ва рушди ҳамкориҳои сохторӣ арзёбӣ намуда, ба аъзои даста барои талошу заҳмати пайваста изҳори сипос намуд.
Мусобиқа дар фазои дӯстию бародарӣ ҷамъбаст гардида, ҳамаи иштирокчиён бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.