24 майи соли 2025, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тозагии муҳити зист, ободонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ роҳбарият ва ҳайати кормандон фаъолона ширкат варзида, корҳои гуногуни ободонию созандагӣ, аз ҷумла тоза намудани ҳудуди маќомот, шинонидани гулҳо ва дарахтони ороишӣ, инчунин бартарафсозии партовҳо ба роҳ монда шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба зебоиву тозагии муҳити корӣ мусоидат менамоянд, балки ҳамчун ҷузъи муҳими омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ хизмат мекунанд. Онҳо инчунин рӯҳияи масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандиро дар миёни кормандон таҳким мебахшанд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҷоди муҳити тозаю гуворо ба шумор меравад. Бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти иҷро, чунин чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар оянда низ пайваста роҳандозӣ хоҳанд гашт.