11 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасӣ ва таҳлили ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини сардор, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Сардори Хадамот зимни баргузории ҷаласа ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои болозикр ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи истеҳсолоти иҷроро пурра таҳлил намуда, корҳои анҷомдодаро дар ин самт натиҷагирӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷро” механизми фаъолияти соҳа тадриҷан густариш ёфта, тамоми қувва барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои асосии самтҳои фаъолият равона гардидааст.
Зикр гардид, ки шуруъ аз оғози сол то инҷониб дар доираи Нақшаи чорабиниҳои зикршуда барои сифатан беҳтар намудани кор як қатор чораҳои амалӣ андешида шуда, ба танзим даровардани низоми коргузорӣ ва бойгониҳои идоравӣ дар Хадамот ва зерсохторҳои он, беҳтар гардидани шароити кории кормандон, корбарӣ ҷиҳати гузариш ба низоми рақамикунонии истеҳсолоти иҷро дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ ва ғайраҳо гувоҳи гуфтаҳои боло ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, зимни ҷаласа сардори Хадамот камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба онҳо ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Қайд гардид, ки новобаста аз корҳои то ба имрӯз анҷомдода ҳадафҳо дар доираи Нақшаи чорабиниҳои эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” хело зиёд буда, масъулинро мебояд тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати татбиқи он ва ба як сатҳи нав баровардани низоми истеҳсолоти иҷро дар кишвар равона созанд.
