26 июни соли 2025 бо ташаббуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳ ва ваҳдати миллӣ» ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Хадамот, шоирону адибон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори Хадамот Аҳтам Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳайати кормандонро ба муносибати ҷашни умумимиллӣ, 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, оид ба роҳи пурифтихори Истиқлоли давлатӣ, талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ибрози назар карданд.
Зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ барои ҳар як фарди худогоҳи тоҷик меҳвари нангу номус, мояи ифтихору сарбаландӣ, сарчашмаи пешрафту ободӣ, бебаҳотарин ганҷинаи зиндагӣ ва муқаддастарину арзишмандтарин дастовард буда, халқи моро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати мустақилу сулҳдӯсту ваҳдатпарвар муаррифӣ намуда, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо қадамҳои устувор мо, халқи тоҷик ба сӯйи ояндаи дурахшон, ҳаёти пур аз нишот равона ҳастем ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ин ҷашни муқаддаси миллати хешро таҷлил намуда истодаем.
Дар идомаи ҳамоиш шоирону адибони муосири тоҷик доир ба талошҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва сулҳи деринтизори ммиллати тоҷик, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши пойдории он дар замони муосир баромад карда, кормандони Хадамот низ дар асно маърӯзаҳо намуданд.
Сипас бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ - кормандони ҷавони Хадамот, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, доир гардид.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони Хадамот бо рутбаҳои навбатии дараҷавӣ ва тахассусӣ қадрдонӣ гардиданд.