12 марти соли 2022 роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 марти соли 2022 роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки дар муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҳамкасбони муҳтарам. Бо дарки эҳсоси баланди ватандорӣ, самимитарин орзуҳо ва гуворотарин таманниёт Шуморо ба муносибати таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид,
Рӯзи 4 феврали соли 2022 нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 бо иштироки Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ғанизода Шуҳрат Абдумаҷид, роҳбарият, сардори раёсат, шуъба, бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамот, сардорони раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, сардори шуъбаи иҷро дар ВМКБ, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, суди ҳарбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма (Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Ҷаҳони паём” радиои “Садои Душанбе”, телевизионҳои “Шабакаи аввал Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”) баргузор гардид.
6-уми январи соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти иҷро оид ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2022» баргузор гардид, ки дар он Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат иштирок доштанд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон ва пиронсолон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
Мусаллам аст, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамасола ироа мегардад. Имрӯз 21 декабри соли 2021 Паёми Сарвари давлат ба мақоми олии қонунбарории кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеъан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари тамоми дигар вазорату идораҳо паёми навбатии ироагардидаи Пешвои миллатро, ки тавассути шабакаҳои телевезионӣ пахш гардид, дар толори Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон тамошо намуданд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи «Иҷрои санадҳои судӣ дар самти ситонидани маблағ ба манфиати соҳибкорон – яке аз кафолатҳои ҷалби инвеститсионӣ дар кишвар» баргузор намуд. Дар кори он намояндагони ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия, адлия, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Иттифоқи адвокатҳо, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тибқи банди 3 нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо фармоиши Сардори Хадамот аз 30 сентябри соли 2021, №142 тасдиқ гардидааст, бо ҷалби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони мақомоти иҷро ба роҳ мондани омӯзиши «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар назар дошта шуда буд.
24 ноябри соли 2021 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.