16 июни соли 2021 дар бинои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Хадамоти иҷро дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Фирдавс, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, сардорони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамоти иҷро, иҷрочиёни калони Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон






