23 июни соли 2023 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ботантана ва дар сатҳи баланди хештаншиносӣ ҷашни 26-солагии Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизмати давлатиро таҷлил намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 июни соли 2023 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ботантана ва дар сатҳи баланди хештаншиносӣ ҷашни 26-солагии Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизмати давлатиро таҷлил намуданд.
Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2023 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Саидвализода Барно Саиднабӣ ҷиҳати иштирок дар 11-умин форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони Санкт-Петербург аз 11 то 13 майи соли 2023 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи «Татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва проблемаҳои он» баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия, адлия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
4 апрели соли 2023 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши идона баргузор гардид.
17 марти соли 2023 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад, ки барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург мебошад. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, айёми киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.
Дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 таъкид карда шуд, ки «соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ соли бобарор буд». Ин нукта моро водор месозад, ки ҳама рӯйодҳои соли 2022-ро дар зеҳни хеш рӯшан намоем. Бо баррасию таҳлил дармеёбем, ки соли 2022 воқеан ҳам барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд.
6 феврали соли 2023 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Хадамот дар соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ қайд намуд, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2022 тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор андешид.