Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э Ъ Л О Н

Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фурӯши молу мулки ғайриманқул мансуб ба судшавандагон Наимов Н., Раҷабов Р.Ш. ва Раҷабова М.Х., аз ҷумла ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 171 бо арзиши 1 902 750 сомонӣ, ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи И.Куганов, хонаи 51 бо арзиши 956 110 сомонӣ, хоҷагии деҳқонии “Самандар” воқеъ дар деҳаи Панҷикон, ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дар майдони 4 га боғи мевадиҳанда бо арзиши 223 784 сомонӣ, ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар деҳаи Панҷикони ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо арзиши 462 000 сомонӣ, иншооти обтаъминкунӣ ва нуҳ адад ҳавзи моҳипарварӣ воқеъ дар деҳаи Лиҷаки ҷамоти деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат бо арзиши 1 348 000 сомонӣ, ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар маҳаллаи Харангони боло, ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб бо арзиши 339 690 сомонӣ, барои барқарор намудани маблағи зарари расонидашуда ба манфиати шаҳрвандон, ба рӯзи 28 сентябри соли 2020 савдои оммавӣ эълон менамояд.

Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фурӯши молу мулки манқул мансуб ба судшавандагон Наимов Н. ва Раҷабов Р.Ш., аз ҷумла як адад автомошинаи борбардори “Норд-Бенц” соли бароришаш 2007 бо арзиши 30 000 сомонӣ, як заводи хурди битон таёркуни (бетонаузел) бо арзиши 340 000 сомонӣ барои барқарор намудани маблағи зарари расонидашуда ба манфиати шаҳрвандон, ба рӯзи 10 сентябри соли 2020 савдои оммавӣ эълон менамояд.

  Иштирокчиёни савдои оммавӣ маълумотҳои заруриро метавонанд тавассути рақамҳои тел: 221-92-44, 227-56-14, 235-21-71, 235-21-69, 932-22-

23-23, 933-00-2128, 987-31-88-88, 909-09-18-28, 933-00-23-27,905-71-93-33, 909-92-0131 дастрас намоянд.



Омори сомона

260117
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
24
158
1010
256129
2248
8816
260117