Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э Ъ Л О Н

        Иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фурӯши молу мулки ғайриманқули мансуб ба маҳкумшуда Наимов Н., аз ҷумла ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 17 бо арзиши 3 000 000 сомонӣ, ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи И.Куганов, хонаи 51 бо арзиши 956 110 сомонӣ, хоҷагии деҳқонии “Самандар” воқеъ дар деҳаи Панҷикон, ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дар майдони 4 га боғи мевадиҳанда бо арзиши 223 774 сомонӣ, ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар деҳаи Панҷикони ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо арзиши 462 000 сомонӣ, иншооти обтаъминкунӣ бо арзиши 320 000 сомонӣ, ҳафт адад ҳавзи моҳипарварӣ воқеъ дар деҳаи Лиҷаки ҷамоти деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат бо арзиши 1 050 000 сомонӣ ва бинои ёрирасон бо арзиши 50 000 сомонӣ, ҳавлии истиқоматӣ воқеъ дар маҳаллаи Харангони боло, ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб бо арзиши 339 690 сомонӣ, ки барои барқарор намудани маблағи зарари расонидашуда ба манфиати шаҳрвандон ба ҳабс гирифта шудааст, савдои оммавиро эълон менамоянд.

      Савдои оммавӣ вобаста ба фурӯши молу мулки мазкур рӯзи 23 ноябри соли 2020 соати 10.00 баргузор мегардад.

      Хоҳишмандон метавонанд маълумотҳои иловагиро тавассути тел: 221-92-44, 227-56-14, 235-21-71, 235-21-69, 932-22-2323, 933-00-2128, 987-31-8888, 909-09-1828, 933-00-2327, 905-71-9333 дастрас намоянд.



Омори сомона

260136
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
43
158
1029
256129
2267
8816
260136