Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2023

9моха1

4 октябри соли 2023 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти кормандони Хадамот дар 9 моҳи соли 2023  баргузор гардид. Сардори Хадамот Саидвализода Барно Саиднабӣ ҷаласаро ифтитоҳ ва рўзномаи онро баррасӣ намуд.

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар 9 моҳи соли 2023 муовини якуми сардори Хадамот Юсуфзода Ю.С. гузориш дод.

Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият гузориш доданд.

Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ,  риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» сари вақт пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

9моха 2

9моха3

9моха4

9моха5



Омори сомона

260125
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
32
158
1018
256129
2256
8816
260125