Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМОИШ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

23 ист1

7 сентябри соли 2023 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи истиқболи ҷашни  32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони Хадамоти иҷро, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Сардори Хадамот Саидвализода Барно Саиднабӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 32-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ таҷассумкунандаи асосҳои соҳибихтиёрӣ ва тамомияти ҳудудии мамлакат буда, вобаста ба аҳамияти худ дар низоми сиёсию ҳуқуқӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Соҳибистиқлолии ҳар кишвар аз неъматҳои олитаринест, ки дар тамоми даврони таърихи башарӣ миллатҳо баҳри расидан ба он талошу ҷонбозиҳо намудаанд.

Боиси ифтихору сарфарозӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сарзамини мо сулҳу осоиштагӣ ҳукм меронад ва ин омили муҳимтарини инкишофи тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавқеи сиёсии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувортар гардида, қонунгузории пешрафта ва замонавии он ҷойгоҳи сиёсию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ҳифз мекунад.

Табиати сиёсии ҳар кишвар дар соҳибихтиёрии он нисбатан аниқ ифода мегардад. Истиқлолияти давлатӣ дар он асос ёфтааст, ки ба он ҳуқуқи ба таври расмӣ аз номи ҷомеа муроҷиат намудан, қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми аъзои ҷомеа ҳатмианд ва ниҳоят, ба амал баровардани адолат вогузор карда шудааст.

 Мавсуф қайд намуд, ки ҳамаи  дастовардҳои даврони Истиқлол, хусусан  сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрҳохӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолият, сулҳу ваҳтадро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи мост нигоҳ дошта, баҳри ҳифз, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ҳамеша омода бошем ва ба халқ, Ватани азизи худ ва Пешвои миллат содиқона хизмат намоем.

Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намудани кормандони мақомот рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаи истеҳсолоти иҷро мебошад.

Миннатдории худ ва кулли кормандони Хадамотро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ғамхорию, дастгирӣ ва ҳидоятҳояшон нисбати кормандони мақомот ва рушди истеҳсолоти иҷро иброз намуданд.

Ин қадршиносӣ барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, масъулиятамонро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ  боз ҳам зиёд намуда, моро ба бештар тақвият додани самаранокии фаъолиятамон ҳидоят менамояд. Мо кормандони Хадамоти иҷро дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва осоиштагии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар хоҳем гузошт.

Сардори Хадамот кормандони мақомотро ба ифтихори 32 - солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда, қайд намуд, ки кормандони мақомот барои ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун бо корбурд аз донишу маҳорату истеъдод ва мавқеи шаҳрвандии худ минбаъд низ ба Ватан ва Пешвои миллат содиқона хизмат хоҳанд кард.

Дар рафти ҳамоиш муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муовини раиси иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод ва нависанда, мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ибрози андеша намуданд.

Сипас сардори раёстаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид сухан намуда, мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба се нафар корманди мақомот супорид.

Дар барорари ин, аз ҷониби Сардори Хадамот дар арафаи 32 солагии Истиқлоли давлатӣ ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ супорида шуд.

23 ист2

23 ист3

23 ист44

23 ист4

23 ист5

23 ист6

23 ист8

23 ист9

23 ист10

23 ист11

 



Омори сомона

260107
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
14
158
1000
256129
2238
8816
260107