ТАБРИКОТИ САРДОРИ ХАДАМОТИ ИҶРОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДВАЛИЗОДА БАРНО САИДНАБӢ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛИ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ,
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,
МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Ҷаноби Олӣ,
Бо арзи эҳтирому самимияти хоса ва камоли шодию фараҳ ҳайати кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба ифтихори Зодрӯзи муборакатон самимона шодбош гуфта, бароятон умри дарози бегазанд ва дар фаъолияти пурмасъулияти роҳбарӣ барору комёбиҳо орзу менамоянд.
Хиради воло, ҷасорату шуҷоат, ҳастии хешро барои саодати миллати хеш бахшидан ва дар баробари ин хислатҳои ҳамидае чун фурӯтаниву хоксорӣ, футуввату ҷавонмардӣ, ҳилму меҳрубонӣ Шуморо дар дилу дидаи мардуми шарифи кишвар азиз гардонидааст.
Зимоми давлатдориро дар замоне ба дасти хеш гирифтед, ки давлати тозаистиқлоли моро хатари нестӣ таҳдид мекард. Дар он шабу рӯзи сарнавиштсоз на ҳар кас ҷуръату қудрат дошт, ки бори чунин масъулияти бузургро бар дӯши худ бигирад. Аммо муҳаббату садоқат ба миллат ва марзу буми аҷдодӣ нагузошт, ки нисбат ба тақдири ояндаи халқу кишвари хеш бетараф бошед. Шумо ҳастии хешро барои наҷоти миллату кишвар аз вартаи нобудӣ бахшидед. Маҳз бо саъю талоши беназир ва ба роҳ мондани корбарии хирадмандонаатон халқи азияткашидаи тоҷик тавонист аз гирдоби ҷанги шаҳравандӣ раҳо ёбад ва дар фазои сулҳу субот ба сӯйи саодату хушбахтӣ гом ниҳад. Бо барқарор кардани сулҳу осоиш, таъмини амнияти миллӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, роҳандозии низоми муайяни қонунгузорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва дар ҳалли масоили мубраму ҳалталаби сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор будан собит намудед, ки миллати тоҷик на танҳо аз нерую қудрати давлатдорӣ бархурдор аст, балки чун абармардони гузаштаи хеш метавонад дар рушду густариши тамаддуни башарӣ саҳми назарраси хешро гузорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо тадбирҳои наҷибона ва ояндасозатон назару нигоҳ ба гузаштаи таърихии миллат дигар гашта, суннатҳои аҷдодӣ ба мисли ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз нав эҳё гаштанд. Дар ин давра ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ боло рафт. Забони ноби тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор гарифта, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Хидмати симоҳои барҷастаи халқамон ба таври арзандаву шоиста қадр гардида, санаҳои бузурги таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидиданд.
Боиси ифтихори миллати тамаддунофар аст, ки Шумо ҳамчун чеҳраи дунёи сиёсат дар арсаи байналмилалӣ, паёмовари матини сулҳу ваҳдат, бо беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ҳиссиёти баланди миллӣ, ҳамчун фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва қадрдонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии дунё гардидаед. Унвони баланди «Пешвои асри XX1», «Меъмори сулҳ» ва дигар унвонҳои бонуфуз боиси ифтихору сарбаландии сокинони Ватани азизи мо ва кулли тоҷикони дунё гардид. Мо бо сарварии Шумо ба ояндаи пурсаодати Тоҷикистон боварии комил дошта, бо итминони комил метавон гуфт, ки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Шумо бо изҳори садоқати беназир саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Бори дигар бо арзи эҳтироми беандоза ва садоқату вафодорӣ фарорасии Рӯзи мавлудро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ табрик гуфта, бароятон сиҳатии комил, умри дарозу пурбаракат, саодати ҳамешагӣ ва хотири осударо таманно дорем.