Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад.

2. Шумораи воҳидҳои кории таъмини ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 24 воҳид ва иҷрочиёни судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбӣ ба миқдори 253 воҳид, ҳамагӣ 277 воҳид ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳ ҷиҳати иҷрои фармони мазкур ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба он чораҳои зарурӣ андешад.

4. Ба қисми 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон " тасдиқ шудааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 

"Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ".

5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008, № 408 "Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро" аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Банди 5 фармони мазкур аз 1 июли соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
5 апрели соли 2018, № 1043

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237) 

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, № 1043 "Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Шумораи воҳидҳои кории кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 305 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 28 воҳид муқаррар карда шавад.

4. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237).

5. Ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2018 дар сметаи хароҷоти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷети давлатиро барои нигоҳдории иҷрочиёни суд пешбинӣ намояд.

7. Маблағгузории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

8. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштараки ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷроро таъсис дода, то 1 июли соли 2018:

- супоридан ва қабули парвандаҳои шахсии иҷрочиёни суд ва ҳуҷҷатҳои иҷрои дар истеҳсолоти иҷрочиёни суд бударо анҷом диҳад;

- барӯйхатгирии молу мулкеро, ки дар истифодабарии иҷрочиёни суд қарор дорад, гузаронида, супоридани онро ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

9. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштарак таъсис дода, ҷойгиркунии муваққатии иҷрочиёни суд ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии иҷрочиёни судро дар биноҳои судӣ ва марказҳои адлия таъмин намуда, утоқҳои кории заруриро дар ин биноҳо бо дар назар доштани нигоҳдорӣ ва истифодабарии минбаъда тақсим намояд.

10. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷойгиркунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳал чораҳо андешанд.

11. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "712" ва "105" мутаносибан ба рақамҳои "435" ва "97" иваз карда шаванд.

12. Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- аз бандҳои 3 ва 12 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

- сархати даҳуми банди 5 хориҷ карда шавад;

- зербанди 5-1) банди 6 хориҷ карда шавад;

- аз сархати бистуми банди 7 калимаҳои "иҷрочиёни суд," хориҷ карда шаванд;

- дар сархати сенздаҳуми банди 15 калимаҳои "шаҳрвандӣ ва иҷрочиёни судро" ба калимаи "шаҳрвандиро" иваз карда шаванд. 

13. Сархати ҳафтуми Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, хориҷ карда шавад.

 

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 21 июни соли 2018, № 332
ш.Душанбе

 

Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "21" июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст

 

 Низомномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237, аз 16.10.2019 № 514)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.

2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ

4. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил ва роҳбарӣ мекунад;

- кори иҷрочиёни мақомоти иҷроро назорат, таҳдид ва ҷамъбаст карда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро чораҳо меандешад;

- ҳисоботи омории иҷрочиёни мақомоти иҷроро қабул ва ҷамъбаст менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ намудани истеҳсолоти иҷроро муайян мекунад;

- дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро таҳия ва қабул менамояд; 

- таҷрибаи ягонаро вобаста ба татбиқи қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд ва мониторинги онро амалӣ мегардонад;

- аз иҷрочиёни мақомоти иҷро маводи истеҳсолоти иҷро ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои омӯзиш, санҷиш ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро алоқамандӣ доранд, бе расонидани халал ба рафти истеҳсолоти иҷро талаб менамояд;

- шикоятҳоро аз рӯи қарорҳо ва амал (беамалии) иҷрочиёни мақомоти иҷро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ менамояд;

- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил менамояд;

- дар асоси пешниҳоди иҷрочии калони мақомоти иҷро, раёсатҳои иҷро дар вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи тартиби муқарраргардида иҷрочиро барои меҳнати самаранок ва хизмати шоиста ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ пешбарӣ менамояд;

- феҳристи қарздоронро бо ҳомили электронӣ ва коғазӣ пеш мебарад;

- нисбати кормандоне, ки дар фаъолияти худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои интизомӣ меандешад;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ

5. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълумоти заруриро гирад;

- фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва дигар шакли фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;

- дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ коршиносону машваратчиёни заруриро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;

- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва иҷрочиёни мақомоти иҷро амалӣ намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва такмили ихтисоси мутахассисон анҷом диҳад;

- барои баррасии масъалаҳои мансуб ба фаъолияти Хадамот шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;

- ҷиҳати такмили қонунгузории соҳа ба мақомоти ваколатдор таклифу пешниҳод намояд;

- соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти иҷроро таҳлил намояд ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол намояд;

- дигар ҳуқуқҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ намояд.

4.УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ

6. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:

- таъминоти моддию техникии фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил намояд;

- тартиби ба дигар иҷрочӣ вобаста намудани истеҳсолоти иҷроро ҳангоми рад намудани иҷрочӣ муайян намояд;

- истифодабарии суратҳисоби махсуси Хадамотро тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- бевосита муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз муносибати кормандони Хадамот бармеояд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад;

- дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, иҷро намояд.

 

5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ

7. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

9. Сардор ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Сохтори Хадамот аз дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.

11. Сардори Хадамот:

- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;

- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;

- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот ҷудогардида ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;

- дар доираи ваколати худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;

- дар асоси фонди музди меҳнат ва сохтори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, бо розигии Вазорати молия тасдиқ мекунад;

- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамоти зикргардидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;

- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом медиҳад;

ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237);

12. Хадамот дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

13. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

14. Суроғаи ҳуқуқии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 8 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2019 № 237).

 

Замимаи 2
Бо қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2018, № 332
тасдиқ шудааст

 

Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Роҳбарият

Раёсати ташкил ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро

Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.10.2019 № 514)

Шуъбаи молия ва иқтисод

Бахши умумӣ ва корҳои махсус

Бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ

Бахши робитаҳои байналмилалӣ

 

Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз "21" июни соли 2018, № 332 
тасдиқ шудааст

 

Нақшаи идоракунии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

  • Дастгоҳи марказӣ
  • Раёсати иҷро дар вилояти Суғд
  • Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон
  • Шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
  • Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ


Омори сомона

260138
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
45
158
1031
256129
2269
8816
260138