Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» навори видеоии Далери Эмомалӣ аз 18 феврали соли 2022 «Худам ва хонаро оташ мезанам. Дод аз дасти судяҳо»-ро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дод.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2021 даъвои муқобили даъвои Маҷидова Сафия Шарифовна нисбати ҷавобгарон Ботуров Бахтиёр Мирзомуродович ва дигарон дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзил, бартараф намудани монеагӣ қонеъ карда шуда, бояд ҷавобгарон Ботуров Б.М. ва дигарон аз манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.А.Ҳамадонӣ, хонаи 4, таҳти литери 2А/хп ва иншоотҳо аз масоҳати зери сохтмон 317,8 метри мураббаъ, аз ҷумла таҳти литери 2А1/хп, масоҳати зери сохтмон 194,6 м.м., масоҳати умумии биноҳо 194,6 м.м., масоҳати фоиданок 108,6 м.м., масоҳати зист 83,3 м.м., чор ҳуҷраи истиқоматӣ масоҳаташон 20,3 м.м., 16,6 м.м., 20,5 м.м., 25,9 м.м., ташноб 6,6 м.м., анҷомхона 18,7 м.м., иншоотҳо 2/1 шипанг, 51/х сарой, 7/1 шипанг, 81/сб ошхона, кӯчонида шаванд.
Инчунин, мувофиқи санади судии мазкур бояд монеагие, ки аз тарафи ҷавобгарон Ботуров Б.М. ва дигарон, ки барои маҳкам кардани атрофи манзили истиқоматӣ эҷод карда истодаанд, бартараф карда шавад.
Даъвои Ботуров Бахтиёр Мирзомуродович нисбати ҷавобгар Мамадов Далер Ҳошимбекович оиди беэътибор донистани шартномаи ҳадя аз 15 ноябри соли 2019 ва аризаи даъвогии иловагии Ботуров Б.М. нисбати ҷавобгарон Мамадов Д.Ҳ., Ботурова М. ва ҳамҷавобгарон Маҷидова С.Ш. оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш аз 9 апрели соли 2021 рад гардидааст.
Ҳамзамон, дар асоси таъиноти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2022 иҷрои ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2021 дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ ва бартараф намудани монеагӣ барои маҳкам кардани гирду атрофи манзили истиқоматӣ ба зиммаи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вогузор карда шуда, 15 феврали соли 2022 аз ҷониби иҷрочиён истеҳсолоти иҷро оғоз гардидааст.
16 феврали соли 2022, №2-807 аз ҷониби иҷрочиён ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро пешниҳод оиди ихтиёран иҷро намудани талаботи ҳуҷҷати иҷро ирсол карда шуда, ҷиҳати иштирок дар рафти иҷрои санади судӣ дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ барои рӯзи 18 феврали соли 2022 ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ мактуб фиристонида шудааст.
Ҳангоми ҳозир шудани иҷрочиёни мақомоти иҷро ва намояндагони дигар мақомотҳои давлатӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамадонӣ, хонаи 4 ҷавобгарон бетартибиҳо намуда, ҷиҳати монеъ шудан ба рафти иҷрои санади судӣ резини чархҳои воситаи нақлиётро оташ зада, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир намуданд.
Пас аз намоишҳои эътирозӣ ва шурӯъ намудани иҷрои санади судӣ ҷавобгар Ботуров Б.М. нусхаи таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2022-ро ба иҷрочиён пешниҳод намуд, ки мувофиқи он иҷрои ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2021 то хотимаи мурофиаи судӣ дар марҳилаи назоратӣ боздошта шудааст.
Барои ба навор гирифтан ва иҷрои бетартибиҳо аз ҷониби ҷавобгарон нақшаҳои пешакӣ омода карда шуда, норозигии онҳо танҳо нисбат ба санадҳои қабулгардидаи мақомоти судӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар ин муддат тибқи талаботи моддаи 427 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати амалҳои иҷрочиёни мақомоти иҷро шикоят ва ё норозигӣ ба суд пешниҳод нагардидааст.
Аз навори видеоӣ бармеояд, ки нишондодҳои ҷавобгарон ба қабул гардидани «Ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2021» ва ё рад шудани аризаҳои даъвогиашон норозигӣ баён намуда, бо даъват намудани хабарнигор, навор гирифтани рафти иҷрои маҷбурӣ ва ташкил намудани бетартибиҳо ба иҷроиши санади қабулгардидаи судӣ монеагӣ эҷод менамоянд.
Барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳқир намудан ва дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, дар асоси қарори суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 21 феврали соли 2022 Ботуров Бахтиёр Мирзомуродович бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати ҳафт шабонарӯз таъин карда шудааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» вазифаҳои истеҳсолоти иҷро, иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқарраргардидаи қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ мебошад.
Тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 15 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамониат иҷро карда шаванд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз ҳамаи имкониятҳо тибқи қонунгузории амалкунанда истифода менамояд.
Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон