Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» навори видеоии Радиои Озодӣ бо номи «Чорвопарварии як мансабдор дар Муъминобод сокинонро ба ғазаб овардааст»-ро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дод.
Аз маводи танқидӣ ва навори видеоӣ бармеояд, ки даҳҳо сокинони деҳаи Кулдамони ноҳияи Муъминобод ҳукумати маҳаллиро ба пуштибонӣ аз корманди Хадамоти иҷро ва сарфи назар кардан аз манфиати сокинони оддӣ айбдор мекунанд. Онҳо мегуянд, ки 316 гектар замини чарогоҳашонро ҳукумат ба Мустафо Давлатов, корманди Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак додааст.
Дар иртибот ба ин бояд қайд намуд, ки ваҷҳи овардашуда асоси воқеӣ надорад, зеро Давлатов Мустафо Муртазоевич тибқи фармоиши собиқ сардори Хадамоти иҷро аз 15 апрели 2019, №Х-50 ба вазифаи коргузор аз ҳисоби кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасрони шӯъбаи иҷро дар ВМКБ тибқи шартномаи меҳнатӣ ба кор таъин гардида, аз ҳамон рӯз барои расонидани ёрии амалӣ дар самти коргузорӣ ба идораи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак сафарбар гардида буд.
Вазифаи ишғолнамудаи Давлатов М.М. мансаби хизматчии давлатӣ набуда, корманди техникӣ мебошад. Дар баробари ин, Давлатов М.М. бо хоҳиши худ аз 4 апрели соли 2022 аз вазифаи ишғолнамудааш озод гардида, шартномаи меҳнатиаш қатъ карда шудааст.
Вобаста ба баҳси замин бояд зикр намуд, ки ҳангоми суҳбат Давлавтов М.М. қайд намуд, ки замини баҳсӣ 144 гектар мебошад, на 316 гектар ва ба писари амакаш шаҳрванд Ёрмуҳаммади Пираҳмад дар асоси қарори раиси ноҳияи Муъминобод аз 20 сентябри соли 2021, №894 вобаста карда шуда, ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст. Ба хотири он, ки чорвои майдаи шохдори аҳли оилаашон дар замини писари амакаш Ёрмуҳаммади Пираҳмад чарронда мешавад, боиси баҳс байни сокинони деҳа гаштааст. Ҳамзамон иброз намуд, ки ягон қитъаи замин ба ӯ вобаста карда нашудааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ медиҳанд.
Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон