Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» навори Изатулло Абдуллоевро аз 3 июни соли 2023 «Маълумоти оперативӣ! Дар Рашт ду маъюбро аз хонаи туҳфанамудаи Эмомалӣ Раҳмон кӯчониданд»-ро, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук рӯйи навор оварда шудааст, мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дод.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси қарори прокурори ноҳияи Рашт аз 11 апрели соли 2023 бояд Маджидзода Мадина Обидходжа аз хонаи истиқоматии худсарона ишғолнамудааш, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Б.Раҳимзода, хонаи истиқоматии 12 ҳуҷрадор, хонаи 10 бо пешниҳод намудани хонаи истиқоматии дигар тариқи маҷбурӣ кӯчонида шавад.
Аз қарори мазкур бармеояд, ки қаблан дар асоси амрномаи Раиси ноҳияи Рашт аз 29 январи соли 2009, №9 хонаи истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Б.Раҳимзода, хонаи истиқоматии 12 ҳуҷрадор, хонаи 10 ба шаҳрванд Маҷидова Ибодат, ки маъюби гурӯҳи 1-ум будааст, вобаста карда шуда, ордери №2 аз 3 феврали соли 2009 дода шудааст. Тибқи ордери номбурда хонаи истиқоматӣ ҳамчун манзили давлатӣ қайд гардида, онро харидан ва фурӯхтан мумкин нест.
7 январи соли 2021 шаҳрванд Маҷидова Ибодат бинобар сабаби беморӣ вафот намуда, манзили истиқоматии мазкур ба тавозуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт гузаронида шудааст. Баъдан дар асоси амри Раиси ноҳияи Рашт хонаи истиқоматии дар боло зикршуда ба шаҳрванд Сатторова Зуҳро Султоновна, модари сарбози марҳум, ки дар шабакаи иҷтимоии фейсбук рӯйи навор оварда шудааст Абдуғанӣ Давлат, ки дар мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткори террористӣ корнамоӣ нишон дода, ҳалок гардидааст, вобаста карда шудааст.
Аммо шаҳрванд Маджидзода Мадина Обидходжа, ки хешованди марҳум Маҷидова Ибодат мебошад, хонаи истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Б.Раҳимзода, хонаи истиқоматии 12 ҳуҷрадор, хонаи 10-ро худсарона ишғол намуда, барои холӣ намудани он монеагӣ эҷод намудааст.
Бинобар ин, дар асоси қарори прокурори ноҳияи Рашт аз 11 апрели соли 2023 кӯчонидани шаҳрванд Маджидзода Мадина Обидходжа аз хонаи истиқоматии худсарона ишғолнамудааш воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рашт, ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи Б.Раҳимзода, хонаи истиқоматии 12 ҳуҷрадор, хонаи 10 ба зиммаи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рашт вогузор карда шуда, 2 майи соли 2023 истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ оғоз гардидааст.
22 майи соли 2023 аз ҷониби иҷрочиён ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро пешниҳод оиди ихтиёран иҷро намудани талаботи ҳуҷҷати иҷро ирсол карда шуда, ҷиҳати иштирок дар рафти иҷрои он дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ барои рӯзи 1 июни соли 2023 ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ мактуб фиристонида шудааст.
Бинобар ин, иҷрои қарори болозикр дар ҳузури шахсони холис, намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва тарафҳои истеҳсолоти иҷро 1 июни соли 2023 ба пуррагӣ таъмин карда шуда, зимни иҷрои он иҷрочиён дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амал намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки гарчанде дар навори видеоӣ нисбати амалҳои иҷрочиён сухане нарафта бошад ҳам, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз ҳамаи имкониятҳо тибқи қонунгузории амалкунанда истифода менамояд.
Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон