Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» навори видеоии Радиои Озодӣ бо номи «Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам?»-ро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дод.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 22 феврали соли 2022 даъвои Раҳимова Гулбаҳор Саидовна нисбати қарздор Бобокалонов Фарҳод Аъламович оид ба муайян намудани ҷои зисти кӯдак қонеъ гардида, кӯдакон Фарҳоди Анас Фарҳодзода соли таваллудаш 1 июли соли 2017 ва Фарҳоди Атҳия Фарҳодзода соли таваллудаш 16 апрели 2019 аз дасти ҷавобгар Бобокалонов Фарҳод Аъламович гирифта шуда, бояд ба модарашон Раҳимова Гулбаҳор Саидовна дода шавад.
Вобаста ба ин, ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 30 июни соли 2022 ворид гардида, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ оғоз карда шудааст.
Баҳри иҷрои санади судӣ аз тарафи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як қатор амалҳои иҷро гузаронида шуда, қарздор Бобокалонов Ф.А. ба утоқи корӣ даъват гардида, нисбати ӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баргардонидани фарзандаш ба даъвогар Раҳимова Г.С. гузаронида шудааст. Аммо қарздор Бобокалонов Ф.А. бо ҳар баҳона фарзандашро ба ҷойҳои муайншуда ҳозир накарда, иброз намудааст, ки фарзандашро омада дар манзили истиқоматиашон пурсанд, ки бо модараш меравад ё не?
Маврид ба зикр аст, ки қаблан иҷрои санади судӣ рӯзҳои 8, 11 август ва 23 ноябри соли 2022 бо ҷалби намояндагони мақомоту муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти васояту парасторӣ, вазорати корҳои дохилӣ, муассисаи таълимӣ, равоншинос, духтур, Хадамоти оташнишонӣ таъин гардида, барои гирифта додани кӯдак ба манзили истиқоматии қарздор Бобокалонов Ф.А. воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бинои 11, ҳуҷраи 22, ҳозир шудаанд, аммо ҳангоми гирифта додани кӯдак, фарзанди ноболиғи тарафҳо - Фарҳоди Анас санаи таваллудаш 1 июли соли 2017, бо модараш – ситонанда Раҳимова Г.С. нарафтааст, ки иҷрои санади судӣ ғайриимкон гардида, дар ин хусус санади дахлдор тартиб ва рафти гузаронидани амалҳои иҷро ба навор гирифта шудааст.
Минбаъд ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи Раҳимова Г.С. ва бо дастрасии сархати якуми қисми 1 моддаи 128 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо қабули қарори дахлдор бе иҷро баргардонида шудааст.
Такронан ҳуҷҷати иҷро 5 январи соли 2023 барои иҷрои маҷбурӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ворид гардида, иҷрои он 15 марти соли 2023, соати 10 бо ҷалби мақомоти дахлдор ва мутахассисон таъин карда шуд, аммо ситонанда Раҳимова Г.С. зимни додани баёнот иброз намудааст, ки ба манзили истиқоматии қарздор рафта наметавонад, зеро қарздор фарзандашро ба худаш моил кардаааст ва кӯдак ҳамроҳи ӯ рафтан намехоҳад. Бинобар ин, иҷрои санади судӣ ғайриимкон гардид.
Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 79 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд муваққатан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда мешавад.
Бинобар ин, бо дастрасии талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иҷрочиён 15 марти соли 2023 вобаста ба муваққатан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шудани кӯдак ба суд пешниҳод ирсол карда шуда, пешниҳоди мазкур аз ҷониби суди ноҳияи Фирдавсӣ бе баррасӣ баргардонида шуд.
Инчунин, аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати қарздор Бобокалонов Фарҳод бо моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардани ҳалномаи суд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, бо қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2023 ҷарима таъин карда шудааст.
Бо асосҳои дар боло овардашуда, иҷрои санади судӣ 24 августи соли 2023 ғайриимкон гардида, аз тарафи иҷрочиён вобаста ба андешидани чораҳои бо Қонун пешбинишуда тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки мутобиқи моддаҳои 6 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуотӣ даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.
Дар баробари ин, яке аз уҳдадориҳои журналист санҷиши саҳеҳияти ахбори гирифташуда ва пеш аз нашр мувофиқа намудаи маводи мусоҳибаи омодакарда бо сарчашмаи он мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Радиои Озодиро зарур аст, ки минбаъд маводҳои таҳлилӣ ва танқидиро объективона, ҳаматарафа, бо санҷиши факту далелҳои дақиқ ва дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо омода ва нашр намоянд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ медиҳанд.
Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон