Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» маводи таҳлилии Радиои Озодӣ бо номи «Талоқ дар як сол 11 ҳазор кӯдакро дар Тоҷикистон нимаятим кард»-ро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дод.
Аз навори видеои дида мешавад, ки собиқ шавҳари Адиба Қурбонова барои таъминоти се фарзандашон гоҳ – гоҳе алимент пардохт менамудааст.
Вобаста ба ин муайян карда шуд, ки дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 9 декабри соли 2021 андозаи алимент зиёд карда шуда, тибқи он аз ҳисоби Зоиров Иноятшо Хайриддинович ба фоидаи Қурбонова Адиба Абдулмаҷидовна ҳар моҳ ба тариқи устувор ба миқдори 600 сомонӣ барои таъминоти се фарзанди ноболиғ то ба синни балоғат расиданашон рӯёнидани алимент муқаррар карда шуда, ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 30 июни соли 2021 оид ба рӯёнидани маблағи алимент ба миқдори 180 сомонӣ барои як фарзанд, ҷамъ 540 сомонӣ қатъ карда шудааст.
Дар асоси санади судии мазкур ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ 7 феврали соли 2022 ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид гардида, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қарор оид ба оғози истеҳсолоти иҷро қабул карда шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ аз ҷониби иҷрочиён аз ҳисоби Зоиров И.Х. маблағи алимент дар маҷмӯъ ба миқдори 18175 сомонӣ дар асоси расидҳои бонкӣ ба манфиати Қурбонова А.А. барои таъминоти фарзандони ноболиғ рӯёнида шуда, айни ҳол қарздории алиментӣ вуҷуд надорад.
Инчунин, ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани маблағи молу мулки муштараки зану шавҳар ба андозаи 160 000 сомонӣ ва 8 700 сомонӣ аз ҳисоби Зоиров И.Х. ба манфиати Қурбонова А.А. 8 январи соли 2024 ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён амалҳои иҷрои маҷбурӣ гузаронида шуда истодааст.
Вобаста ба маскун намудани шаҳрванд Қурбонова А.А. бо фарзандони ноболиғ ба манзили истиқоматӣ нисбати Зоиров И.Х. ё аъзои оилаи ӯ ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳуҷҷати иҷро ворид нагардидааст.
Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон