Санаи 06-уми ноябри соли равон дар кишвари азизамон 31-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд. Имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа кулли мардуми кишвар ба ин ҷашни муборак омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Воқеан ҳам ин санаи таърихи барои мо тоҷикистониён санаи муқаддас ва хотирмон аст. Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихи, мардуми шарафманди мамлакат ба ҳамаи хатарҳои дохиливу хориҷӣ, монеаҳову нооромиҳое, ки дар асоси нақшаҳои ғаразноки душманони халқи тоҷик, ба сари мардуми мо ба бор оварда шуда буд, нигоҳ накарда бо дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқии давлатӣ ва муайянкунандаи сарнавишти ояндаи давлату ҷомеаи навини тоҷикон қабул намудем.
Ин ҳуҷҷати тақдирсози халқамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун яке аз беҳтарин Конститутсияҳо эътироф карда шуда, тамоми меъёрҳои танзимкунандаи умумипазируфташудаи башарӣ ва меъёрҳои хусусияти миллидоштаро, ки баҳри таъмини рушди бомароми ҷомеаи навин нигаронида шудааст дар худ инъикос намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат, санади меъёрию ҳуқуқии қувваи ҳуқуқии олидошта мебошад, ки асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, ва ҳуқуқии давлатамонро дар худ ифода намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди амалӣ гардонидани чораҳои асосии ташкили ҷамъият ва давлат ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад, дар он асосҳои бунёдии сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ тобеияти ҳокимият, хусусияти моликият, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, сохти ҳудудӣ ва давлатӣ, низоми баамал баровардани ҳокимияти халқӣ дар кишварамон инъикос карда шудаанд, ҳуҷҷати таъсисдиҳандаи давлат, институтҳои он, парламент, ҳукумат, суд, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Конститутсияи мо ҳуҷҷати олии давлат буда, на фақат манфиатҳои давлат, балки манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки арзиши асосии он инсон мебошад, ифода менамояд ва санади арзишмандтарин ва асоситарини меъёрию ҳуқуқии давлат маҳсуб меёбад.
Аввали солҳои 90-ум ҳеҷ вақт фаромӯш карда намешаванд. Халқи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳу ватанпараст аз ҷонбозиҳою талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ва мардуми аъзияткашидаи кишвар ва онҳое, ки барои якпорчагии Тоҷикистони азизамон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ мубориза бурдаанд огоҳӣ доранд ва номи онҳо дар хотираи мардуми кишвар абадӣ нақш ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми Тоҷикистон 06-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд тамоми меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти давлатию ҷамъиятиро дар худ ифода намудааст, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.
Мувофиќи муќаррароти Конститутсия; Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, давлати иҷтимои мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дошта, њаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир мебошанд ва
њуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ҳамчунин аз руи муќаррароти Конститутсия боби алоњида оид ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки ҳар банди боби мазкур танзим ва рушди ин ё он соҳаи ҳаёти ҷамъиятиро таъмин менамояд. Чанд бандҳои ин бобро овардан мумкин аст, ки бевосита асоси фаъолияти кории иҷрочиёни Хадамоти иљроро ташкил медиҳанд.
Дар моддаи 14 дарҷ ёфтааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалли ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Аз рӯи моддаи 17 –и Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.
Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Ё ки дар моддаи 21 чунин омадааст: ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.
Мутобиқи моддаи 22 бошад, манзили шахс дахлнопазир буда, ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муыаррар кардааст.
Дар моддаи 32 дарҷ гардидааст, ки ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Товони зарари модди ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо руёнида мешавад.
Мутобиқи моддаи 45 додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад.
Дар моддаи 42 гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Бандҳои дар боло зикргардидаи Конститутсия он меъёрҳое мебошанд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иљро дар амал тадбиқ карда мешаванд.
Ёдовар мешавам, ки мутобиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ, ки бо Фармони Президенти ҶТ аз 23 июни соли 2007, таҳти №217 «Оиди тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ» бо мақсади иҷроиши самараноки қарорҳои судӣ дар соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеъияти Шӯрои адлияи ҶТ ба тобеъияти Вазорати адлияи ҶТ гузаронида шуданд, ки ин аз раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва тадбиқи меъёрҳои Конститутсия далолат медиҳад.
Зимнан қобили қайд аст, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 апрели соли 2018, тањти №1043 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, тањти №332 Хадамоти иљрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он маќоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил, назорат ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд. Дар ин замина, соли 2018 истеҳсолоти иҷро аз тобеъияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеъияти маќомоти навтаъсис – Хадамоти иљрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ин ҳам аз раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва тадбиқи меъёрҳои Конститутсия далолат медиҳад.
Аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то ба имрӯз дар асоси ин санади олии ҳуқуқӣ чандин қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, Барномаҳо, Консепсияҳо, садҳо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки дар натиҷаи тадбиқи амалии онҳо рушду нумӯи давлати комилан ҳуқуқбунёди мо таъмин карда шуд.
Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро соли 2008 қабул карда шуда солҳои 2010, 2012 ва 2021 ба он тағйироту иловаҳои зурурии талаботи замон ворид карда шуда, такмил бахшида шуд.
Ҷиҳати боз ҳам такми бахшидани фаъолияти кории кормандони мақомоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, №1873 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав қабул гардида аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, ки қонуни фавқуззикр аз 20 боб ва 146 модда ибораи мебошад.
Қонуни мазкур шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро, ки тибқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат доранд ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ӯҳдадории ба манфиати дигар шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ё ба буҷети дахлдор супоридани маблағҳои пулӣ ва (ё) дигар молу мулкро вогузор намоянд, муқаррар мекунад.
Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои дигар мақомот мебошанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Дар айни замон ҳамагон бояд донанд, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва дигар қонунҳо мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва дигар қонунҳо мақсад ва вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа гардад.
Маҳз дар ҳамин сурат, мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ – эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем.
Ман боварии комил дорам, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносию ифтихори миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа алалхусус ҳар як хизматчии давлатӣ бо иҷро намудани вазифаҳои бар дӯшдоштааш, бо дасту дилу нияти пок ва содиқона бо меҳру муҳаббати самимӣ ба ватани биҳиштосоямон Тоҷикистон, нишон медиҳанд, ки ба Президент, ба халқу Ватан ва ба ин санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Иброҳимзода Хуршед Исмоил
и.в сардори раёсати иҷро дар вилояти Хатлон.
