Дар чорабинии тантанавӣ сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдуллозода Аҳтам Рустам, кормандони Хадамот, роҳбарият ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин шоирону адибони маъруфи кишвар ширкат намуданд.
Ҳамоиш бо суханрониҳои ифтитоҳӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оғоз гардида, кулли ширкаткунандагонро ба муносибати ин ҷашни ормонҳои миллати тоҷик табрик намуда, иброз доштанд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик рӯзи баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва фатҳу зафари миллати тоҷик аст.
Сардори Хадамоти иҷро зимни суханронии худ изҳор намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз идеали воқеии мардуми сарбаланди кишвар қарор гирифта, фаъолияти пурсамар, сиёсати созанда ва иқдомоти наҷиби Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти кории ҳар як фарди худогоҳи миллат гардида, мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иброз менамоем, ки пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастем ва дар пайравӣ аз сиёсати созанда ва ватанпарваронаи Президенти маҳбуби миллат талош менамоем, ки ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҷиҳати ҳимояи марзу буми давлат ва арзишҳои миллию дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар талош варзем.
Бо ибтикор ва ҳидояти Пешвои миллат дар Тоҷикистон давраи нави рушди давлатдорӣ оғоз гардида, ормонҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои қонун ва тарбияи насли наврас ба марҳалаи амалӣ расонида шуданд.
Ҳамзамон, саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанг, адабиёт ва ҳунар аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи нависандагон ва аҳли илму адаб таъкид гардид. Бо сиёсати оқилона ва ҳидоятҳои ин марди наҷиб дар кишвар фазои мусоид барои эҳё ва густариши арзишҳои миллии фарҳангӣ ва адабӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат бо ирода ва маҳорати худ на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки поягузори саодати халқ ва ифтихори миллат низ маҳсуб мешаванд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳозиринро бо баромадҳои шодмон ва ваҳдатофарини шоирон, сурудҳои сарояндагон ва намоишҳои ҳунарӣ ҷалб намуд. Ғайр аз ин, қисмҳои тақдимоти адабӣ ва намоишҳои видеоӣ оид ба дастовардҳои кишвар ва нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ ба маърака шукӯҳ ва хотирмонӣ бахшиданд.
Ҳамоиш дар фазои эҳтиром, ваҳдат ва ифтихор аз хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат – Президенти маҳбуби кишвар анҷом ёфт ва ба хотири ҳозирин як рӯйдоди фаромӯшнашаванда гардид.





























