Бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, зимни он фарзанди ҷасуру диловари миллат – Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ҳоло бо итмонони комил метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати азми қавӣ, иродаи нек ва ҷавонмардии фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми хонабардӯшу бесарпаноҳмондаи аз даҳшати ҷанги бародаркуш хаставу афгор дубора бо умеду ормонҳои аз нав зиндашуда ба хоки муқаддаси Ватан баргаштаву паҳлуи ҳам аз сари ваҳдату якдилӣ дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд. Маҳз ин хусусиятҳои раҳбарии Пешвои миллат буд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта ва эътироф гардид. «Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам». Ин суханони саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ аз умқи қалби бузургу пурмеҳр, орӣ аз кинаву адоват, бахшоянда, парварандаи ғояҳои сулҳу ваҳдати Пешвои миллат бархоста, дар зеҳни пухтаву сайқалёфтааш шакл гирифта, аз забони ҷавонмардонааш чун қавлу қасам возеҳу гӯшрас ва тантанавор хориҷ шуда, ба гӯши ҷони халқи Тоҷикистон, ки интизори Пешвои додрасу дардошно буданд, пайғоми сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлат, эҳёи миллат, рушди соҳаҳои мамлакатро расонд, ба дилҳои аз ваҳшати ҷанги бародаркуш афгору рӯҳҳои аз даҳшати харобкориҳо хаста нуру тавон ва шуълаи умед ба фардои дурахшон бахшид.
Маврид ба зикр аст, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он, 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.
Тағйирот ба Қонуни зикршуда бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардид. Мақсад дар он ифода меёбад, ки аз ҳамон рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне, тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат мавқеи махсус ва ҳалкунанда дорад, зеро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
21 - уми июли соли 1994 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки принсипҳои гузаронидани интихобот, таъин, ташкил ва ҷамъбасти интихобот, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба онро танзим намуд. Ҳамин тавр, 6 - уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи шаффофи демократӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагон интихоб гардида, 16 -уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, ба иҷрои вазифа шурӯъ карданд. Маҳз аз ҳамон рӯз, Президенти аз ҷониби халқ интихобгардида ба иҷрои фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи нави давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар намудааст, оғоз намуд.
Бо арҷгузории сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Ин Абармарди дунёи сиёсат баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфт: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Пешвои миллат аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне, то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 21 маротиба гуфтушунид ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот карда, ҳамеша аз дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, пайваста кӯшиши муттаҳид гардонидани миллатро кардааст.
Дастоварду комёбиҳои беназиру бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат Тоҷикистони нав соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидаро дар муддати кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба мардуми тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё сохтанд.
Дар таърихи навини халқи тоҷик Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои барҷаста кардааст.
Ҳадафи аслии ин навишта, пеш аз ҳама, ҳимояи корҳои неки оғозгардида, муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда, нигоҳдошти роҳи таърихии рушди Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва тавсеаи таҷрибаи мусбати ватандорист. Дар ин ҷода ба одитарин ва олитарин хислати инсонӣ - қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунем.
Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, бедориву дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад.
Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навин нигаронида шуда, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Яъне, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, зеро дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад.
Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1,
Насимӣ Н.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон