Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситод оид ба пешбурди пардохти маблағи алимент, ситониш ба манфиати давлат ва татбиқи маҳдудиятҳои қонунии пешбинигардида нисбат ба қарздорон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъмини иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро, аз ҷумла рӯёниши маблағи алимент, ситониш ба манфиати давлат ва татбиқи маҳдудиятҳои қонунии пешбинигардида нисбат ба қарздорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Аҳтам Абдуллозода таъкид намуданд, ки пардохти маблағи алимент яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷро ба ҳисоб рафта, вобастагӣ ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва шахсони ниёзманд дорад. Дар ин замина, ба воҳидҳои сохтории Хадамот дастур дода шуд, ки назорати қатъӣ ва татбиқи пурраи талаботи қонунгузориро дар ин самт таъмин намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Ситод ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 48,7 млн сомонӣ ва дар 9 моҳи соли 2025 бошад зиёда аз 149,8 млн сомонӣ рӯёнида шудааст. Зимнан бо таҳлили истеҳсолотҳои иҷро дар ин самт зиёда аз 16 973 истеҳсолоти иҷро бинобар ба созиш омадани тарафҳо, ба синни балоғат расидан ва вафот кардани фарзандони ноболиғ қатъ карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷрои парвандаҳои марбут ба ситониш ба манфиати давлат, татбиқи маҳдудиятҳои муваққатӣ нисбат ба қарздорон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Маълумот дода шуд, ки дар доираи Ситоди махсус ба манфиати давлат 3 095 975 сомонӣ рӯёнида шуда, 2598 нафарон қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шуданд ва нисбати 9174 нафар қарздорон маҳдудияти қонунӣ ҷиҳати баромада нарафтан аз ҳудуди кишвар гузошта шудааст.
Илова бар ин, 473 224 сомонӣ ҳамчун пардохти иҷро ворид гардида, нишондиҳандаҳои мазкур далели масъулиятшиносӣ, иқтидори амалӣ ва сатҳи баланди ҳамоҳангии кормандон дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба ҳисоб мераванд.
Роҳбарият аз масъулин талаб намуд, ки иҷрои супоришҳои хизматиро бо риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда таъмин намуда, сатҳи масъулияти шахсиро дар фаъолияти хизматӣ баланд бардоранд.
Дар ин замина, муҳлати фаъолияти Ситоди махсус тамдид гардида, фаъолиятҳои таҳлилӣ, назоратӣ ва ҳамоҳангсозӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ тақвият дода мешавад.





