Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Аҳтам Абдуллозода оғоз ёфт. Зимни баромади худ таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми стратегӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб рафта, фарогири натиҷагирии ҳамаҷонибаи фаъолияти кишвар дар соли сипаригардида буда, ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи Тоҷикистонро дар соҳаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ муайян месозад.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии Паём раҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи устувор, зиндагии шоиста ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз раванди рушди кишварро бо такя ба таҳлили воқеӣ ва пешгӯии илмӣ арзёбӣ намуда, вазифаҳо ва афзалиятҳои стратегии сиёсати давлатиро барои тамоми мақомоти давлатӣ мушаххас месозад.
Сардори Хадамот дар идомаи баромад нуктаҳои калидии Паёмро аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ, суръат бахшидан ба равандҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун меҳварҳои асосии сиёсати давлатӣ таъкид гардиданд.
Инчунин, зикр доштанд, ки дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки мо, шаҳрвандони бомаърифати ин Ватани соҳибистиқлолро месазад, ки баҳри иҷрои рисолати баланди шаҳрвандии худ ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли истиқомат, ҷойи фаъолият, кӯчаву хиёбон ва дар маҷмуъ ҳар як гӯшаи ватани маҳбуб, инчунин тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷик камари ҳиммат бубандем.
Сипас, кормандони Хадамоти иҷро дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати стратегии роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ аҳаммияти хос дошта, иҷрои пайгирона, босамар ва масъулонаи дастуру супоришҳои дар он зикршуда омили муҳимми таъмини рушди босуботи кишвар ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, зарурати таҳияи нақшаҳои амалии соҳавӣ бо нишондиҳандаҳои мушаххас, муҳлатҳои дақиқ ва механизмҳои самараноки назоратӣ таъкид гардида, иштирокчиён масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар равандҳои хизматрасонӣ, тақвияти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин такмили доимии малакаи касбии кадрҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш сардори Хадамот таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва масъули кишвар паёме равшан аз таҷрибаи дирӯз, воқеияти имрӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар мебошад. Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ин санади муҳимми сиёсиро ҳамчун дастури воло, муфид ва роҳнамо дар фаъолияти хизматии худ қабул карда, сармашқи кору зиндагии худ қарор диҳад ва дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва вазифаҳои дар он пешбинишуда саҳми арзандаи худро гузорад.








