Мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба занону бонувон аз ҷониби давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа корҳои зиёде рӯйи даст гирифта шудаву амалӣ гардиданд.
Ҳамин гуна таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии мамлакат аст, ки имрӯзҳо занону бонувон дар тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кору фаъолияти назаррас дошта, саҳми арзишманди худро дар пешрафти соҳаҳои гуногун гузошта истодаанд.
Аз ҷумла, имрӯзҳо дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бонувон фаъолияти хуб дошта, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро саҳм гузошта истодаанд.
Қобили зикр аст, ки омили асосии дар риштаҳои гуногун кору фаъолият кардану ба дастовардҳои шоён даст ёфтани занону бонувон ин қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мебошад.
Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ соли 1999 Консепсияи “Ҳуқуқҳои сиёсии занон” тасдиқ гардида, аз моҳи сентябри соли 1998 “Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005” қабул гардиданд. Барои солҳои 2001-2010 “Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд. 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Фармони мазкур имкон дод, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад.
Дар баробари ин, солҳои охир як қатор қонуну барномаҳои дигар қабул шуданд, ки ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа мусоидат намуданд.
Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (2004), Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи давлатии “Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ахиран “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030” ва ғайра.
Андешидани чунин тадбирҳои муҳим буданд, ки имрӯзҳо дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Маҳз сиёсати оқилона ва дастгирии пайгиронаи давлату Ҳукумат замина фароҳам овард, ки дар солҳои истиқлол занону бонувон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа ташаккул ёфта, бо ҳузури густурдаи худ дар соҳаҳои гуногун дар таҳким, пешбурд ва шукуфоии кишвар нақши муассир ва муайянкунанда иҷро намоянд.
Бо таъкиди зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳама гуфтаҳо хулоса мекунем, ки фармудаанд: “Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин мехонем ва бовар дорем, ки онҳо дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд”.
Сармутахассис – иҷрочии калони шуъбаи Хадамоти иҷро
дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе,
мушовир адлияи дараҷаи 3,
Қурбонализода Замира