Имрӯз, 25 ноябри соли 2025 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 қабул гардид. Қабули ин ҳуҷҷати муҳими стратегӣ аз таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба такмили фаъолияти мақомоти иҷро гувоҳи равшан медиҳад.
Барномаи мазкур ба таҳкими заминаҳои техникию технологӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, соддагардонии раванди пешниҳод намудани хизматрасониҳо ва гузариш ба низоми рақамии фаъолияти мақомоти иҷро равона шудааст. Татбиқи босамари он имконият медиҳад, ки фаъолияти мақомоти иҷро ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардида, сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ боло равад.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ин барномаи муҳимро қадами устувор дар самти дигаргунсозии низоми фаъолияти худ арзёбӣ намуда, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамояд ва ҷиҳати татбиқи амалии он аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.