Дар ҷараёни ҷаласа намояндаи Агентӣ Нуриддин Сайфиддинзода масъалаҳои мубориза бо коррупсия, роҳҳои пешгирии он, таъмини ошкорбаёнӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ аз хатарҳои коррупсионӣ, инчунин муқаррароти асосии қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсияро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионӣ, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ташаккули муҳити солими хизматӣ мебошад.
