9 январи соли 2025 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқзода, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудии Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамот муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муайян ва тибқи он масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи истеҳсолоти иҷроро мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи баргузории ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Хадамот дар соли ҷорӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, маълумоти таҳлилӣ дар самти истеҳсолоти иҷро, тадбирҳои андешидашуда дар доираи “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамот”, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ситоди махсуси назди сардори Хадамот, ҷараёни татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздорон, таҳлили вазъи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баррасии масъалаҳо вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро пешниҳод гардида, гузоришҳои муовинони сардори Хадамот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудӣ доир ба самтҳои фаъолият шунида шуданд.
Дар иртибот ба масъалаи якуми рӯзнома гузориши муовини якуми сардори Хадамот Сафарзода Абдураҳим шунида шуда, зикр гардид, ки фаъолияти Хадамот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро назаррас буда, дар ин давра иҷрочиёни Хадамоти иҷро салоҳияти иҷрои амалҳои маҷбуриро нисбати 42 984 истеҳсолотҳои иҷрои дар соли 2025 оғозшуда истифода бурда, аз ин иҷрои 35 873 ҳуҷҷатҳои иҷро ё 95,6% ба маблағи 223 043 477 сомонӣ, 679 717 доллари ИМА, 14 040 668 тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 365 512 рубли Федератсияи Россия, 5 122 соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 22 175 рубли Ҷумҳурии Белорус ва 11 265 евро таъмин карда шудааст.
Дар идома таъкид гардид, яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки фаъолияти Хадамот - барқарор намудани маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ба манфиати модару кӯдак маҳсуб ёфта, дар соли 2025 аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ дар маҷмуъ 402 947 924 сомонӣ ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 130 384 640 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи ҷаласа, сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибек Холиқзода баромад намуда, фаъолияти Хадамотро дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти иҷро бо такя ба сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин қарорҳои Ҳукумати кишвар фаъолияти худро ба таҳкими қонуният, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти иҷро, таъмини иҷрои саривақтӣ ва воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор равона намудааст.
Зикр карда шуд, ки андешидани тадбирҳои мушаххаси ташкилию амалӣ, тақвияти назорати дохилӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангии байнисоҳавӣ бо мақомоти дахлдор, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва пешбурди раванди рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои фаъолияти Хадамот мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, дар мавриди масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла зарурати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, тақвияти интизоми хизматӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз сохторҳои ҳудудӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, инчунин таъмини иҷрои пурраи талаботи қонунгузорӣ дар самти пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва татбиқи чораҳои маҳдудкунанда нисбат ба қарздорон аз ҷониби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар вазифагузорӣ гардид.
Дар ин асно, таъкид гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар соли 2026 то ба 1 миллиард сомонӣ расонидани нишондиҳандаҳои ситониши маблағҳои қарзӣ чораҳои дахлдор андешида шавад.
Дар ҷараёни ҷаласа, аз ҷониби сардори Хадамот ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, тақвияти масъулияти шахсӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин таъмини иҷрои босифат ва саривақтии санадҳои иҷро дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, вазифаҳои афзалиятнок барои фаъолияти минбаъдаи Хадамоти иҷро дар соли оянда муайян карда шуданд, ки татбиқи онҳо ба таҳкими минбаъдаи қонуният, баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти иҷро ва рушди устувори низоми истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегарданд.











