Аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 9 январи соли равон бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои ҳудудӣ, инчунин иҷрочиёни калони мақомоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзӯи "Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва роҳҳои амалигардонии он" ташкил ва баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифатнокии фаъолияти хизматӣ, рушди маҳорати касбӣ ва донишҳои ҳуқуқию соҳавии иҷрочиёни мақомоти иҷро, баррасии мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо, таъмини иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои иҷро, ба роҳ мондани корбарии ҳамаҷониба ва пурзӯр намудани корҳо дар самти истеҳсолоти иҷро, аз ҷумла ситониш ба манфиати давлат, рӯёнидани алимент ва татбиқи саривақтии маҳдудиятҳои қонунӣ, инчунин баррасии дигар масъалаҳои корӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва масъулони дастгоҳи марказии Хадамот ширкат варзида, доир ба мавзуъҳои муайяни соҳавӣ, аз ҷумла “Тартиби дурусти пешниҳоди ҳисоботи омории соҳавӣ”, “Тартиби ситонидан ва муайян намудани қарздорӣ оид ба уҳдадориҳои алиментӣ ва ситониш ба манфиати давлат” ва “Масъалаҳои назариявӣ ва амалии татбиқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ кормандон доир ба масъалаҳои соҳавӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


