9 январи соли 2025 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Иҷрочии беҳтарин сол» дар соли 2025 баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади ҳидоят намудани кормандони мақомоти иҷро ба нишондиҳандаҳои баланди касбӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолоти иҷро, сайқал додани маҳорати касбӣ, такмили донишҳои ҳуқуқию соҳавӣ, инчунин муайян ва ҳавасмандгардонии беҳтарин кормандони мақомоти иҷро дар асоси фармоиши сардори Хадамот аз 17 марти соли 2025, №91 эълон гардида буд.
Тибқи Низомномаи тасдиқгардида, озмун дар ду давр ва се зердавр баргузор шуда, дар он тамоми иҷрочиёни мақомоти иҷро иштирок намуданд. Дар ҷараёни озмун сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии иштирокчиён дар асоси саволномаҳои тестии соҳавӣ ва саволу ҷавобҳои шифоҳӣ арзёбӣ гардида, дониши ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва қобилияти татбиқи амалии меъёрҳои қонунгузорӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.
Дар натиҷаи ҷамъбасти даври якум ва дуюми озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол муайян карда шуданд. Озмун ҳамчун воситаи муассири таҳкими рақобати солим, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва ташаккули фарҳанги хизматӣ дар низоми истеҳсолоти иҷро арзёбӣ гардид.
Бо фармоиши сардори Хадамоти иҷро аз 5 январи соли 2026 ғолибон ва як қатор иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии «Иҷрочии беҳтарин сол» дар соли 2025 дар доираи эълони «Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷом, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба таҳкими касбият, баланд бардоштани сифати иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин болоравии эътимоди ҷомеа ба фаъолияти мақомоти иҷро мусоидат намуда, ҳамчун унсури муҳими рушди устувори низоми истеҳсолоти иҷро нақши назаррас дорад.
Дар доираи чорабинӣ, инчунин корманди собиқадори Хадамоти иҷро, ки бинобар расидан ба синни нафақа фаъолияти хизматии худро анҷом додааст, бо эҳтиром ва қадршиносӣ ба нафақа гусел карда шуд, ки ин иқдом идомаи анъанаи арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи кадрҳои соҳа арзёбӣ мегардад.




