26 январи соли 2026 таҳти раёсати сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода ҷаласаи идоравӣ баргузор гардид, ки ба баррасии рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, бахшида шуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва масъулони самтҳои дахлдор иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро, таҳкими интизоми хизматӣ, таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин тақвияти корҳо ҷиҳати ситонидани маблағҳои алиментӣ ва қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки тамоми кормандони мақомоти иҷро бо дарназардошти аҳаммияти стратегии рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро вазифадоранд бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ, тақвияти интизоми иҷро, истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, инчунин татбиқи тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалӣ дар соли 2026 ҷиҳати таъмин намудани иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои иҷро ва то ба 1 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми умумии ситониши маблағҳои қарзӣ тадбирҳои маҷмӯӣ, пайгирона ва натиҷабахшро роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ин, масъалаи рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа мавқеи марказӣ ишғол намуд. Таъкид гардид, ки татбиқи низомҳои электронии бақайдгирӣ ва пешбурди парвандаҳои иҷро, автоматикунонии равандҳои корӣ, ҷорӣ намудани мониторинги рақамӣ ва табодули электронии маълумот бо мақомоти дахлдор омили муҳим дар баланд бардоштани шаффофият, кам кардани омилҳои инсонӣ ва тақвияти назорати иҷрои санадҳои судӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамвора ба ин, ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2025, №654 тасдиқ шудааст, таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаи рақамикунонии бақайдгирии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо ҷаримаҳо ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳа ба ҳисоб меравад.
Зикр карда шуд, ки ҷорӣ намудани низоми электронии бақайдгирӣ, пешбурд ва назорати парвандаҳои маъмурӣ, автоматикунонии равандҳои ҳисоботдиҳӣ, пайгирии пардохти ҷаримаҳо ва табодули электронии маълумот бо мақомоти ваколатдор ба баланд бардоштани шаффофият, кам кардани омилҳои коррупсионӣ ва тақвияти назорати иҷро мусоидат менамояд.
Сардори Хадамот зикр намуданд, ки амалисозии равандҳои рақамикунонӣ бояд дар асоси талаботи қонунгузорӣ, бо риояи меъёрҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, инчунин бо мутобиқати пурра ба низомҳои давлатии иттилоотӣ роҳандозӣ карда шавад. Дар ин замина, ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, боло бурдани сатҳи саводнокии рақамии кормандон ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, сардори Хадамот вобаста ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар иртибот ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумат таъкид намуданд, ки ҳар як корманди мақомоти иҷро вазифадор аст дар татбиқи ин ташаббуси муҳимми давлатӣ саҳми фаъол гузорад. Таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, хусусан вобаста ба сохтмон, ободонӣ, инфрасохтор ва рушди иҷтимоиву иқтисодии биноҳои маъмурии Хадамот дар маҳалҳо, яке аз омилҳои асосии пешрафти устувори мақомот ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ҷалби захираҳои мавҷуда, тақвияти масъулияти хизматӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар фарҷоми ҷаласа дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамзамон ҷиҳати дар соли 2026 то ба 1 миллиард сомонӣ расонидани нишондиҳандаҳои ситониши маблағҳои қарзӣ Ситоди доимоамалкунанда дар назди сардори Хадамот таъсис дода шуд, ки фаъолияти кори он ҳар моҳ мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дода мешавад.



