Бо мақсади тарғиби китобу китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавии кормандон, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби бештари ҷомеа ба китобу китобхонӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маҳфили «Бардошти маънӣ» «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Зимни баргузории маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон устод Рустам Ваҳҳобзода ва муовини сардори Хадамоти иҷро Динора Ҷабборзода ширкат варзида, доир ба бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва нақши «Шоҳнома»-и безаволи ӯ дар таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ба кормандони мақомот маълумот доданд.
Зикр гардид, ки «Шоҳнома» яке аз осори арзишмандтарини фарҳангиву адабиву таърихиест, ки чун китоби халқ дар канори ишқу ихлос ва оғӯши завқу андешаи мардумон аз осеби забонаҳои дуду оташи ҳаводиси рӯзгорон ва дандонаҳои арраи бедоди замонҳо то имрӯз маҳфуз мондааст, ки он шоҳкории ҳунарию адабӣ ва мактаби бузурги худогоҳию худшиносии миллӣ
барои ҳамаи наслҳо ба хисоб меравад.
Дар ин асно, бо ибтикори навбатии Пешвои муаззаму адабпарвари миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони Тоҷикистон ҷилдҳои якум ва дуюми «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун рамзи таърихӣ дар таҳрири нав чоп ва дастрас карда шуд, ки ин нишона аз соҳибфарҳангӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, мазмуну муҳтаво, таърихи навишт, заҳмату талошҳои зиёда аз сисолаи шоир баҳри эҷоди ин асари безавол, нақши он дар густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон таъкид гардид.
Кормандон бо як руҳияи ифтихор пораҳои назмиро аз “Шоҳнома”-и безавол қироат карда, дар бораи ин шоҳасар маълумоти бештар гирифтанд.
Бо оварди роҳнамоиву ниятҳои неки Пешвои муаззами миллат, ки чунин гуфтаанд: “Бигзор, чароғи «Шоҳнома»-и безавол дар тоқдони ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон фурӯзон бошад ва руҳи ватанхоҳию истиқлолталабии Фирдавсӣ мардуми моро дар бунёдкорихои даврони Истиқлол ва таҳкими давлатдории навини миллӣ мадад фармояд” кормардони мақомот кӯшиш менамоянд то ҳар чӣ бештар онро мутолиа кардаву достонҳои онро аз худ намуда, аз гузаштаи худ бо ифтихор ёд ва ояндаи некро бунёд созанд.


