ОҒОЗИ СЕМИНАР-МAШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО: МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО”
Имрӯз, 11 феврали соли 2026, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” барои сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар кормандони дахлдор оғоз гардид.
Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 роҳандозӣ гардида, ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва донишҳои соҳавӣ, инчунин густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ намояндаи Хадамоти иҷро таъкид дошт, ки такмили механизми танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро омили муҳими таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар шароити муосир, бо назардошти афзоиши ҳаҷми санадҳои иҷро ва мураккаб гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ, зарурати такмили равандҳои ташкилӣ-идоракунӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷмент ва рақамикунонӣ беш аз пеш аҳаммияти хос касб менамояд.
Дар доираи семинар масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- таҳлили вазъи кунунии танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва мушкилоти амалии ҷойдошта;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
- баланд бардоштани самаранокии назорати дохилиидоравӣ ва таҳкими интизоми хизматӣ;
- рақамикунонии равандҳои истеҳсолоти иҷро, татбиқи низомҳои иттилоотии соҳавӣ ва истифодаи хизматрасониҳои электронӣ;
- рушди иқтидори кадрӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии кормандон ва ғайраҳо.
Иштирокчиён дар шакли мубоҳисаҳои озод, машғулиятҳои амалӣ ва баррасии ҳолатҳои мушаххаси корӣ масъалаҳои мавҷударо таҳлил намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии мушкилот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият ироа менамоянд.
Семинар-машварат давоми се рӯз идома ёфта, аз рӯйи натиҷаҳои он таҳияи тавсияҳои методӣ ва амалии мушаххас пешбинӣ гардидааст, ки барои такмили фаъолияти сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 заминаи мусоид фароҳам меорад.






