Имрӯз, 12 феврали соли 2026 дар раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди махсуси назди сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти соҳаи истеҳсолоти иҷро баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, масъулони раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон, сардорон ва мудирони шуъбаву бахшҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Ҷаласаро Сардори Хадамот, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 муҳтарам Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, масъалаҳои мубрам дар самти баланд бардоштани сатҳи иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро, махсусан истеҳсолотҳои иҷро дар самти ситониш ба манфиати давлат ва татбиқи маҳдудиятҳои қонунӣ нисбати қарздоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки фаъолияти Хадамот барқарор намудани маблағҳо ба манфиати давлат маҳсуб ёфта, ин масъала пайваста зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Хадамот қарор дорад.
Таъкид гардид, ки танҳо дар давоми моҳи январ сохторҳои ҳудудии Хадамот дар вилояти Хатлон, бо истифода аз тамоми имкониятҳои хизматӣ ва механизмҳои қонунии мавҷуда, ба манфиати давлат маблағи 1 млн 174 ҳазору 708 сомонӣ ситониданд. Илова бар ин, 144 ҳазору 853 сомонӣ ҳамчун пардохти иҷро ворид гардида, нишондиҳандаҳои мазкур далели масъулиятшиносӣ, иқтидори амалӣ ва сатҳи баланди ҳамоҳангии кормандон дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа татбиқи муқаррароти моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар самти муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани қарздор ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон муҳокима гардид. Маълумот дода шуд, ки дар давраи сипаришуда нисбати 429 нафар қарздорон қарорҳои дахлдор вобаста ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 62 нафар қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳадафи асосии таъсиси Ситод иборат аз таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи банди 32 протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2025, №12, ки ба татбиқи тадбирҳои зарурӣ барои дар соли 2026 ба ҳаҷми то 1 миллиард сомонӣ расонидани ситониши маблағҳои қарзӣ равона гардидааст, мебошад.
Роҳбарият аз масъулин талаб намуд, ки иҷрои супоришҳои хизматиро бо риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда таъмин намуда, сатҳи масъулияти шахсиро дар фаъолияти хизматӣ баланд бардоранд.
Дар ин замина, зикр гардид, ки дар доираи кори Ситод фаъолиятҳои таҳлилӣ, назоратӣ ва ҳамоҳангсозӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ тақвият дода мешаванд.

