Санаи 12 феврали соли 2026 аз ҷониби Маркази таълимии Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир ба масъалаҳои қарзҳои мушкилситон ва тартиби баргардонидани қарзҳо баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва амалии нигаронидани рӯёниш ба молу мулки гаравӣ, тартиби таҳия ва пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ ба мақомоти судӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Дар чорабинӣ намояндаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар судҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе - Эмомализода И. бо маърӯза дар мавзӯи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсолоти иҷро: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” суханронӣ намуда, доир ба мушкилоти мавҷуда дар марҳилаи иҷрои санадҳои судӣ, такмили механизмҳои рӯёниш, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байнисоҳавӣ ва зарурати истифодаи василаҳои рақамӣ ибрози назар кард.
Дар анҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуданд.
