Бо ибтикори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 рӯзҳои 11-13 феврали соли равон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзуи “Танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро: мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо” доир карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи касбӣ, мукаммал намудани донишҳои соҳавӣ ва баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кормандон бо дарёфти роҳҳои ҳал роҳандозӣ гардида, дар он 30 нафар кормандони сохторҳои ҳудудии Хадамот аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Чорабинии омӯзишии мазкур давоми 3 рӯз идома ёфта, мутахассисони соҳа дар шакли лексия-мубоҳиса, машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ ба ширкаткунандагон дарс гуфтанд.
Масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, чораҳои гузариши пурра ба низоми рақамикунонӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ ва баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятноки ҳалли онҳо таклифҳои мушаххас манзур гардиданд.
Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти кории худ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҷамъбасти чорабинии омӯзишӣ иштирокчиён бо Сертификати хатм сарфароз гардиданд.



