Мавзуи меҳварии маҳфил ба омӯзиш ва таҳлили асари «Сиёсатнома»-и Низомулмулк бахшида шуд. Зимни баррасӣ таъкид гардид, ки ин асар на танҳо ёдгории таърихӣ, балки матни консептуалии давлатдорӣ буда, дар худ таҷрибаи идоракунии давлати Салҷуқиёнро бо низоми арзишии адолатмеҳвар муттаҳид намудааст.
Иштирокдорон «Сиёсатнома»-ро ҳамчун намунаи барҷастаи жанри “оинаи подшоҳон” арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки Низомулмулк масъалаҳои адолат, масъулияти ахлоқӣ, волоияти қонун, танзими бюрократия ва назорати фаъолиятро дар қолаби низоми муназзами назариявӣ ва амалӣ ба таҳлил гирифтааст. Дар меҳвари андешаи муаллиф ғояи давлат ҳамчун сохтори ахлоқӣ қарор дорад, ки суботи он танҳо дар заминаи адолат ва ҳисоботдиҳии институтсионалӣ таъмин мегардад.
Ба таври вижа қайд шуд, ки истифодаи ҳикоёт ва ривоятҳои таърихӣ дар асар на хусусияти тасодуфӣ, балки вазифаи методологӣ дошта, тавассути мисолҳои мушаххас муаллиф принсипҳои идоракунии давлатро ташреҳ менамояд. Ин усул имкон медиҳад, ки назария бо таҷрибаи иҷтимоӣ пайванд ёбад ва ахлоқи сиёсӣ ба сатҳи меъёри амалӣ бардошта шавад.
Дар ҷараёни маҳфил порчаҳои интихобшудаи асар қироат ва бо дидгоҳи таҳлилӣ шарҳу тавзеҳ гардиданд. Муҳокимаҳо нишон доданд, ки ғояҳои Низомулмулк, аз ҷумла адолат ҳамчун пояи суботи давлатӣ, зарурати назорати доимии дастгоҳи маъмурӣ ва масъулияти иҷтимоии ҳоким дар шароити муосири идоракунии давлатӣ низ дорои аҳаммияти назариявӣ ва татбиқӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки чунин маҳфилҳо ба ташаккули тафаккури таҳлилӣ, густариши ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва таҳкими фарҳанги хизматии кормандон мусоидат менамоянд. Маҳфили «Бардошти маънӣ» ба таври мунтазам ҳафтае як маротиба баргузор гардида, дар он кормандон китобҳои мутолианамудаи худро бо равиши таҳлилӣ муаррифӣ мекунанд, ки ин раванд ба таҳкими муҳити маърифатӣ ва болоравии сатҳи худогоҳии касбӣ замина фароҳам меорад.


