Дар доираи маҳфили мазкур асари машҳури устоди адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ — «Темурмалик» мавриди мутолиа ва баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Зимни маҳфил қайд гардид, ки ин асар яке аз беҳтарин намунаҳои насри таърихии тоҷик буда, дар он қаҳрамонӣ, ҷасорат ва ватандӯстии мардуми тоҷик дар давраи ҳуҷуми муғулҳо ба сарзаминҳои Мовароуннаҳр ба таври таъсирбахш инъикос ёфтааст.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар маркази асар симои қаҳрамони миллӣ — Темурмалик, ҳокими шаҳри Хуҷанд қарор дорад, ки дар лаҳзаҳои ниҳоят вазнини таърихӣ барои ҳифзи Ватан ва ҳимояи шаъну шарафи мардум бар зидди лашкари муғулҳо далерона мубориза мебарад. Тавре таъкид гардид, Темурмалик ҳамчун сарлашкари ҷасур ва фармондеҳи хирадманд бо истифода аз тадбирҳои зираконаи ҳарбӣ ва иродаи қавӣ муддати тӯлонӣ ба душман муқовимат нишон дода, намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва фидокорӣ мебошад.
Зимни муҳокима иштирокчиён доир ба мазмуну муҳтавои асар, хислатҳои қаҳрамонӣ, шуҷоат, садоқат ба Ватан ва аҳамияти тарбиявии он андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки мутолиаи чунин асарҳои пурмуҳтаво дар тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми маҳфил зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар доираи маҳфили «Бардошти маънӣ» минбаъд низ идома ёфта, ба баланд гардидани фарҳанги мутолиа ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии кормандон мусоидат менамояд.


