Ин боздид, ки дар фазои муаттари баҳорӣ ва таҷаллии рангҳои хоси табиати кишвар сурат гирифта, рамзи ҳамбастагии илму адаб ва ҳифзи асолати миллӣ арзёбӣ гардид.
Намоишгоҳ бо оростани хони хоси «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», намунаи хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, маҳсули эҷоди аҳли қалам ва дастовардҳои фарҳангӣ оро ёфта, гувоҳи равшани зинда будани суннатҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик махсуб меёбад.
Роҳбарияти Хадамот зимни шиносоӣ бо гӯшаҳои мухталифи намоишгоҳ таъкид доштанд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки ойинаи тамаддун ва шиносномаи миллати мо дар арсаи ҷаҳон аст. Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ ҷилои нав гирифта, ба омили муҳимми худшиносии миллӣ табдил ёфтааст.
Аҳли адаб ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки ҳамчун посдорони каломи бадеъ ва фарҳанги маънавӣ дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, аз сатҳи баланди ташкили намоишгоҳ изҳори хушнудӣ намуданд.
Раиси Иттифоқи нависандагон қайд карданд, ки пайванди адабиёт бо суннатҳои Наврӯз ногусастанист, зеро шоирону адибони мо дар тӯли асрҳо Наврӯзро ҳамчун рамзи адолат, покӣ ва созандагӣ ситоиш кардаанд.
Ин ҳамоиши муштараки аҳли кормандони давлатӣ ва аҳли эҷод бори дигар собит намуд, ки Наврӯзи оламфурӯз ҳамчун меҳвари иттиҳод ва сарчашмаи илҳом дар роҳи созандагиву шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши бориз дорад.


