Ин чорабинии идона, ки бо заковату заҳмати аҳли маърифат оро ёфта буд, ҳадафи наҷиби арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳёи суннатҳои деринаи ниёгон ва таҳкими пайванди ногусастании хизматчиёни давлатӣ ва аҳли қаламу зиёро пайгирӣ намуд. Дар ин базми наврӯзӣ роҳбарияти Хадамот, суханварони соҳибном, адибони ватандӯст, ҳунармандони маҳбубу шинохта, кормандони соҳа ва шоирону нависандагон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷамъ омада, хотираи неки таърихро бо набзи имрӯзи созандагӣ пайвастанд.
Сардори Хадамоти иҷро, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид доштанд, ки бо шарофати ибтикороти ҷаҳоншумули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб карда, имрӯз ҳамчун рамзи ваҳдати башарият ва эҳёи коинот дар тамоми гӯшаву канори олам таҷлил мегардад. Қайд шуд, ки Наврӯз барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мактаби худогоҳӣ ва сарчашмаи ифтихори миллӣ мебошад.
Дар идома Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим бо шеъри зебову ноби наврӯзӣ ва табрикоти самимӣ баромад намуданд.
Ҳузури аҳли илму адаб ва шоирону носирони кишвар ба чорабинӣ шукуҳу таровати хос бахшид. Шоирону нависандагон бо қироати ашъори тозаву дилангези худ дар ситоиши баҳору Наврӯз ва меҳанпарастӣ, фазои чорабиниро муаттар гардонида, собит намуданд, ки адабиёти оламшумули тоҷик ва Наврӯзи ҷаҳонӣ ду рукни ҷудоинопазири тамаддуни мо ҳастанд.
Ин чорабинии муштарак бори дигар равшан намуд, ки иттиҳоди сохторҳои давлатӣ бо аҳли зиё дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ ва боло бурдани маънавиёти ҷомеа нақши калидӣ дошта, паёми дӯстиву созандагиро ба насли имрӯзу фардо муҷаллотар мерасонад.


